РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Зулфия Давлатзода Фестивали байналмилалӣ ва Конференсияи илмӣ дар шаҳри Ашқобод иштирок кард

Аз 28 то 30 ноябри соли равон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Фестивали байналмилалӣ ва Конференсияи илмӣ таҳти унвони “Суруд ва санъати мусиқии миллӣ дар мероси халқҳои ҷаҳон” баргузор гардид, ки дар он Вазари фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, Муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Меҳриҷамал Маммедова, Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамурадов ва намояндагони кишварҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Руссия, Озарбойҷон, Туркия, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Дар Конференсияи илмӣ Зулфия Давлатзода вобаста ба ҳифзу гиромидошти фарҳанг, санъати суруду мусиқии миллии тоҷик ва дастовардҳои фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар ибрози андеша кард.

Ҳамзамон дар Фестивали мазкур ҳунармандони боистеъдоду маъруфи кишвар бо иҷрои суруду тарона ва мусиқиҳои миллӣ санъату ҳунари беназири кишварамонро мураррифӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram