РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маҷмуаи шеърҳои Рустам Ваҳҳобзода бо номи “Қаламрави меҳр” чоп шуд

Дар ин бора шоир Давлат Сафар дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод. Китоб дар нашриёти “Адиб” чоп шудааст. Давлат Сафар аз ҷумла навишт: Аксари ашъоре, ки аз маҷмуаҳои пешин дар ин китоб ҷо ёфтаанд, мавриди таҳриру такмили дигарбора қарор гирифта, матни тоза пешкаши хонанда шудааст.

Меҳвари мавзуии маҷмуаи мазкурро васфу ситоиши арзишҳои волои маънавию башарӣ, тасвиру таҳлили бадеъи муҳимтарин падидаҳо ва масъалаҳои муосир, тараннуми меҳру муҳаббат ва муқаррароти миллию инсонӣ ташкил медиҳад.

Рустам Ваҳҳобзода аз маъруфтарин чеҳраҳои илму адаб дар кишвар ва муаллифи даҳҳо китобу рисолаҳо, маҷмуаҳои шеърӣ, асарҳои таҳқиқотӣ дар риштаи забон ва адабиёти тоҷик аст. Аввалин китоби шеърҳояш бо ном “Калимаҳо” соли 1990 чоп шудааст. Баъдан маҷмуаи ашъораш бо номҳои “Шаҳри Хуршед” (2008), “Салом” (2016), “Сарводаи Ватан”, “Ҳазор байт” (муфрадоти бадеҳа) интишор ёфтаанд.

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram