РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои ОМ ва Олмон иштирок кард

Дар шаҳри Лодзи Лаҳистон дар ҳошияи иҷлосияи 29-уми Шӯрои вазирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) 1 декабр мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон барпо гардид, ки дар он Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин аз таъсири тағйирёбии иқлим ба дастрасӣ ба об ва аҳаммияти ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ёдрас шуд.

Зимни ҷаласа иштирокчиён якчанд масъалаҳо, аз ҷумла рушди муносибатҳои ҳамаҷониба миёни Аврупо ва Осиёи Марказӣ, масъалаҳои обу иқлим, рушди иқтисод, маориф, муҳити зист ва мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои умумиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли 2021 зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

Қобили зикр аст, ки бори аввал соли 2009 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Копенгаген зарурати таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод карда буданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram