РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ дар Москва дар маросими гулчанбаргузорӣ иштирок карданд

Нимаи аввали 5 декабр дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳ бо роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои иштирокдори чорабиниҳои байнипарламентӣ дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди ёдгории аскари номаълум ва гиромидошти хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945 иштирок карданд. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 4 декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Внуково Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар намояндагони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони якчанд кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram