РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТАВАҶҶУҲ! Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 9 декабр дар қаламрави мамлакат ҳавои сарду боронӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин рӯзҳо дар водиҳо борон ба барфи тар табдил шуда, дар навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ барфи шадид меборад. Ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ рӯзона то 5 дараҷа гарм мешавад. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои барқӣ барои гарм кардани хонаҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намуда, неруи барқро сарфаҷӯёна истифода баранд. Дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамзамон барои таъмини бехатарӣ дар роҳҳо ба ронандагон тавсия медиҳад, ки мошинро пеш аз сафар аз санҷиш гузаронанд, чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз кунанд, системаи гармкунии мошинро бодиққат санҷанд. Инчунин пеш аз сафар бо худ қисмҳои эҳтиётии зарурӣ бигиранд, бахусус барои эҳтиёт лампаҳои равшанидиҳанда бояд дошта бошанд; дар бордони мошин бояд ҳатман сару либоси гарм, фонус, бели хурди сафарӣ, банд барои кашидани мошин, сӯзишвории эҳтиётӣ, гӯгирд дошта бошанд ва ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳӣ фосиларо риоя намоянд.

Дар хотир бояд дошт, ки дар фасли сармо ва бахусус ҳангоми барфу борону сардиҳо роҳҳо маъмулан душворгузар мешаванд ва дар ин гуна ҳолатҳо фосилаи байни мошинҳо аз фосилаҳои маъмулӣ бояд дарозтар бошад.

Ғайр аз ин Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки сари вақт бомҳои худро аз барф тоза намуда, мошинҳои худро зери дарахтон нагузоранд.

Бо мақсади сироят нашудан аз ҳар гуна бемориҳои мавсимӣ Кумита тавсия медиҳад, ки дар ҷойҳои серодам пӯшидани ниқобро фаромӯш насозанд.

Ҳамзамон Кумита аз шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни зарурати таъҷилӣ маҳдуд намуда, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд.

Барои пешгирӣ аз эҳтимоли омадани сел ҷӯйборҳоро тоза намоянд, ҳангоми истифода аз бухориҳое, ки бо ангишт гарм мешаванд, қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram