РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Аз моҳи январи соли 2023 таҳти унвони «Сухан» ва «Устод» дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон машғулиятҳо дар бурсҳои омӯзишии адабӣ оғоз мегардад

Аз оғози соли 2023 Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бурсҳои (курсҳои) давраии адабии яксоларо таҳти унвони «Сухан» ва «Устод» бо забони тоҷикӣ ва русӣ роҳандозӣ менамояд. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагон хабар доданд.

Иттифоқи нависандагон аввалин шунавандагони машғулияти мазкурро, ки ҳафтае як маротиба дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагон баргузор мегардад, даъват менамояд.

Искандар Ҳамроқулов иброз дошт, ки курси мазкур аз се давраи омӯзишӣ, аз ҷумла назариявӣ, омӯзиши мухтасар дар бораи адабиёти Шарқу Ғарб ва эҷодиёти худӣ иборат буда, адибону нависандагон ва шоирон — аъзои Иттифоқи нависандагон, инчунин забондонҳову адабиётшиносон ба шунавандагон сабақ медиҳанд. Пас аз хатми курс ба иштирокдорон диплом дода мешавад.

Ҳамзамон, ба зикри ҳамсуҳбати мо, барои иштирок дар синну сол маҳдудият гузошта намешавад ва аз наврас то калонсолон метавонанд дар он озодона ва бо эҷодиёти худ иштирок намоянд.

Машғулияти мазкур аз моҳи январ оғоз гардида, хоҳишмандон метавонанд барои маълумоти бештар бо рақами телефони 919 333 888 тамос гиранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram