РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ

Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Абдурраҳмони Ҷомӣ

Мафҳуми “фарҳанг” бо паҳнои васеъ ва фарогири бисёрбуъдӣ дар таърихи тамаддуни ақвоми мутамаддини сайёра, аз ҷумла, мо – тоҷикон, чунон ҷойгоҳи муҳимму муқаддас дорад, ки онро ҳамчун ҷузъи таркибии арзишҳои миллӣ ба андеша мебояд гирифт. Миллати соҳибфарҳанг ҳамон миллатеро метавон гуфт, ки дар раванди таърихии инкишофи ҷомеаи башарӣ бо дастовардҳои муҳимму таъсиргузор ҳувияти таърихии худро такмил дода ва бо беҳтарин равиш намунаҳои шоистаи дастовардҳоро дар баробари ҷаҳониён ба намоиш гузоштааст. Хушбахтона, аз ин ҷиҳат таърихи фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик бисёр ғанӣ, пурбор ва фарогир аст. Аммо мушкили асосӣ адами огоҳии пурра аз таърихи инкишофи фарҳангу тамаддун, ба сурати куллӣ, падидаҳои ҷудогонаи фарҳангӣ, аз ҷумла фарҳанги китобхонӣ ва аҳаммияти он дар ташаккули шахсият ва пешравии ҷомеа, ба сурати нисбатан ҷузъӣ, аст. Масъалаҳои алоқаманд ба фарҳангу тамаддун ба дараҷае васеъ ва дорои паҳнои густардаи майдони маърифатӣ ҳастанд, ки дар ростои мизони маърифатии донишҳои гуногун мавзуи ҷусторҳои зиёд қарор гирифтанашон мумкин аст.

Манзури мо дар ин гуфтор танҳо таваҷҷуҳ ва таъкид перомуни падидае аз ҷузъиёти бисёрҷиҳатаи фарҳангӣ – фарҳанги китобхонӣ ва аҳаммияти он дар ташаккули шахсияти миллӣ мебошад, ки аз роҳи ба одати муқаррарӣ табдил ёфтани китобхонӣ ҳосил шуданаш мумкин аст. Ҳамин тавр, барои ба дараҷаи шахсияти миллӣ расидан ва дар ҷомеаи мутамаддин саҳм гузоштани одамон яке аз роҳҳои асосӣ одат кардан ба китобхонӣ мебошад. Арҷ гузоштан ба мақоми китобу китобхон дар ҷомеа масъалаи дигарест, ки ба тарбияи шахсияти дорои андешаи мустақили созанда дар ҷомеа замина мегузорад.

Дар миёни беш аз панҷсад ва ё бештар аз он фаҳмиши вожаи “фарҳанг”, ки дар тӯли таърих шакл гирифтааст, яке аз муҳимтарини онҳо фарҳанги китобхонӣ мебошад. Фарҳанги китобхонӣ дар миёни тоҷикон аз давраи оғози тамаддуни башарӣ ва сабти донишҳои гуногун аз ҷониби башарият шакл гирифта, дар дарозои таърихи куҳан ба одат табдил шуда, бо таваҷҷуҳ ба роҳҳои нав ба нави аз худ кардани дастовардҳои дониш такмил ёфтааст. Абёти зерини бозмонда аз маснавии “Калила ва Димна”-и устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ин маънӣ гувоҳи содиқ ва ҳам раҳнамое шоиста дар амри аз худ кардани дониш ва шинохтани шахсияти хирадманд аст:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз рози дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон

Рози донишро ба ҳар гуна забон

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ рав туву ин ганҷ неҳ.

Дар ин гуфтаҳои шоири ҳаким ҳикмате аз хазоини пурбори ҳикамии ниёкон нуҳуфтааст. Шоир бо ишора ба роҳҳои гуногуни фарогирии рози дониш, ҷамъ овардану гиромӣ доштани рози доноӣ аз ҷониби хирадмандон, сабт кардани он дар санг (манзур шояд сангнабиштаҳо бошад ва ё дар маҷмӯъ, китоб, ки беҳтарин дастоварди инсон дар ҷамъу гиромӣ доштани рози дониш аст, ё худ нахуст дар санги тарозуи хирад санҷидану сонӣ ба хотири ёдгорӣ ҳифз кардан дар назар аст) ба раванди ташаккули шахсияти донишманди равшанзамир таъкид мекунад. Дониш дар қалб ҳамчун чароғи равшан ва дар бадиҳо ҷавшанест, ки шахси соҳиби қалби равшан – доноро аз ҳама бадиҳо эмин нигоҳ медорад. Аз муҳтавои байти охир маълум мешавад, ки фаҳмиши мафҳуми “фарҳанг” дар асри Рӯдакӣ муродифи хирад ва доноӣ будааст. Мантиқи чунин фаҳмиш бо он асоснок мешавад, ки тамоми ҷузъиёти алоқаманд ба фарҳанг аз доноӣ сарчашма мегирад ва доноӣ аз роҳи китобхонӣ ҳосил мешавад.

Моҳияти ҳамчун ҷузъи таркибии арзишҳои миллӣ эътибор пайдо кардани фарҳанги китобхонӣ дар ҷомеаи замони Истиқлол ба таври равшан собит мешавад, ки гувоҳи ин дар сатҳи баланд ва ҳамчун масъалаи миллӣ эътироф гардидани азамати китоб, китобдорӣ, тарғиби фарҳанги китобхонӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҷадиди ҳамагонӣ кардани падидаи мазкур дар ҷомеаи навини тоҷикон мебошад. Асосҳои ҳамчун масъалаи миллӣ эътироф гардидани фарҳанги китобхонӣ аз суханронию таъкидҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ки андешаҳои зерин аз ҷумлаи онҳоянд: “Сарчашмаи илму дониши дунё китоб аст. Китоб бояд ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири зиндагӣ роҳнамои шумо бошад. Ҳар фарде, ки илм талаб кунад, оқилу хирадманд, ҳалиму меҳрубон мешавад ва ақлаш равшану амалаш пешрав мегардад, дар вуҷудаш меҳру вафо ва некиву накукорӣ падид меояд, ки ҳамаи ин арзишҳои фарҳангиву ахлоқиро бо сабру таҳаммул метавон ба даст овард”.

Ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳамчун иқдоми муҳимму саривақтӣ, ки бевосита таҳти сарпарастии Пешвои миллат доир мешавад, шаҳодати вусъати тарғиби фарҳанги китобхонӣ дар ҷомеаи навини тоҷикон мебошад. Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ин иқдомро тақвият мебахшад. “Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббус, – омадааст дар паёми Пешвои миллат, – баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад”.

Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” се давр собиқа дорад ва идомаи пайгиронаи он дар солҳои баъдӣ ҷонибдории аҳли ҷомеаро аз ин иқдоми муҳимми фарҳангӣ ба намоиш мегузорад. Шоҳиди бевосита ҳастем, ки рӯзҳои баргузории озмуни мазкур, махсусан ду даври охири он, ҷашни ҳақиқии тантанаи китобу китобхонро мемонд. Пахши лаҳзаҳо аз ҷараёни баргузории озмун аз тариқи садову симо, гузоришу мусоҳибаҳои рӯзноманигорон, ташкили барномаҳо ва дигар иқдомоти тарғиботӣ ба чорабинии мазкур шукӯҳи дигар мебахшиданд.

Аҳаммияти китобхонӣ бо як-ду сухан хулоса намешавад, ин амри муҳимму хайр паҳно ва дурнамо дорад, аз ҷумла: идомаи суннати қадимаи аҷдодӣ, фарогирии забону адабиёт, таърих, фарҳанги китобхонию китобдорӣ (китобхона), тақвияти неруи эҷодӣ, халлоқияти ҳунарӣ, тарғиби ахлоқи ҳамида, ташаккули сатҳи маънавию ахлоқии ҷомеа, махсусан насли ҷавон, рушди зеҳният дар ҷомеа, ҳосил шудани маҳорат ва малакаи сухандонӣ, суханварӣ, суханшиносӣ, ошноӣ бо ёдгориҳои адабию ҳунарии Аҳди бостон, офаридаҳои мондагори адибони асримиёнагии форсу тоҷик, намунаҳо аз эҷодиёти шоирону нависандагони муосир, адабиёти ҷаҳон ва ғайра. Мутолиаи китоби муайян, дар навбати худ, калидест барои боз кардани ҷаҳони бекаронаи донишу маърифат аз назари офарандаи каломи ҳунарӣ. Бидуни мутолиаи китоб хазинаи луғавии инсонҳо ғанию пурбор ва ҷаҳонбиниашон васеъ намешавад. Инсони огоҳ ҳар қадар ки китоб мутолиа мекунаду дониш аз худ мекунад, ба ҳамон андоза аз зарфияти ками дониши худ огоҳ мешавад. Чунончи, шоири ҳакими асри Сомонӣ Абӯшакури Балхӣ, ки ба хирад таваҷҷуҳу эҳтиромаш бениҳоят зиёд аст, донишро баҳри бекарона медонад ва дастрасӣ ба нуқтаи ниҳоии онро номумкин ба қалам медиҳад:

То бад-он ҷо расид дониши ман,

Ки бидонам ҳаме, ки нодонам.

Аз ин ҷост, ки шахси ба китобхонӣ одаткарда ҳамеша аз пайи фарогирии дониш талош меварзад. Инсони ба китоб хӯгирифта вақте аз нокофия будани дониши худ огоҳ мешавад, боз ҳам ҷиддитар ба китоб рӯй меорад ва ба хонишу ҷустуҷӯйҳояш пайгирона идома мебахшад. Мекӯшад, ки нодонистаҳои худро бидонад, аз роҳи ҷустуҷӯ донишашро такмил диҳад. Дарозои оғозу интиҳои кӯшиши фарогирии дониш аз гаҳвора то гӯр муайян шудааст, ки ҳикмате ҷовидона ва дар ростои хирад санҷидашуда аст: “Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй!”. Дар натиҷаи аз худ кардани дониш, ки бузургиро ҳам дар пай дорад, ба қавли Низомии Ганҷавӣ, зиндагии инсон рӯз аз рӯз беҳтар мегардад:

Дониш талабу бузургӣ омӯз,

То беҳ нигаранд рӯзат аз рӯз.

Калиди асосӣ барои ҷустуҷӯи хизонаи дониш китоб аст, ки ҳамроҳ бо андешаву таҳлилу натиҷагирӣ самараи хуб ба бор меоварад. Ҳангоми хондани китоб ҳамеша ба худ суол бояд дод: Чаро? Барои чӣ? Чӣ гуфтан мехоҳад? Чӣ бояд кард? Оё дуруст аст?…

Китоб ва ба сурати куллӣ ҳамаи навиштаҳо, махсусан китоби бадеӣ, ба инсон ҳам дониш ва ҳам ахлоқи некӯву писандидаро меомӯзад. Дар мавриди аввал ёдоварии сухани машҳури “Китоб – манбаи дониш!” кофист. Аммо дар мавриди паҳлуи дувум, нафарони аҳли мутолиа аксар шахсони дорои хулқи некӯ ва ҳусни маҳзари шоиста ҳастанд. Аз омӯзаҳои ахлоқии китобҳо аҳли мутолиа чизҳои зиёдеро аз зиндагӣ ва оқибати корҳо меомӯзанд, ба мисли падидаҳои ҷолиби табиат ва муносибати одамон ба онҳо, тазодҳои зиндагӣ, арзишҳои инсонӣ, пиндору гуфтору кирдори нек, мубориза ва талош, таҷрибаи рӯзгор, панду андарзҳои ҳосил аз зиндагӣ ва сулуки одамон, фарқ карда тавонистани неку бад ва ғайра.

Дар бораи фоида ва аҳаммияти китобхонӣ аз қадим то ба имрӯз суханҳои зиёд гуфта шудаанд, баъзеи қавлҳо зиёд такрор ҳам мешаванд, вале таваҷҷуҳ ба онҳо, мутаассифона, яксон нест. Аз ҷумла, ба наздикӣ андешаҳои бисёр муҳимми Нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзодро дар хусуси фоидаи мутолиаи катоби бадеӣ хондам, ки дар рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” чоп шуда буд: “…бештари одамон китобҳои илмию ихтисосии худро хонда, ба комёбиҳо ноил мегарданд. Лекин хонанда аз китобҳои илмию соҳавӣ касб ёд мегирад, аз китобҳои бадеӣ одамият меомӯзад. Асари бадеӣ, ҳамчунин, ҷаҳонбинии хонандаро васеъ мекунад, ба зиндагӣ таҳрик медиҳад, некиро талқин менамояд. Сониян, асари бадеӣ хонандаро ба фикр кардан водор месозад… Дар замони иқтисоди бозаргонӣ ба мардум талқин намудани мутолиаи китоби бадеӣ саҳл коре нест. Вале мо бояд дар ин роҳ кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем, ки миллатамон китобхон шавад, то ба худогоҳӣ, ватнапарварӣ, инсондӯстӣ бештар даст ёбем” (№ 12-13, саҳ. 6).

“Хонанда бояд андеша кунад, ки, – фикрашро идома медиҳад нависанда, – зиндагӣ чист, воқеият чист, афсона чист, ривоят чист? Барои пешравии ҷомеа чӣ кор бояд кард? Чаро инсонгарӣ зарур аст? Ҳамин гуна фикрҳоро ба сари ӯ асари бадеӣ меорад. Инчунин, ӯ дар атрофи ҳодисаҳои мавриди тасвири адиб меандешад: Чаро ин тавр шуд? Чаро қаҳрамони асосӣ ин гуна рафтор кард? Оё ин гуна рафтор кардан мумкин аст? Ва ғайра. Ҳамин тариқ, агар кӯтоҳ гӯем, вазифаи осори бадеӣ тарбияи фикр мебошад. Бе фикру андеша коре ба мурод кардан душвор аст. Бе фикру андеша миллат пеш намеравад. Хулоса, хондани китоби бадеӣ манфиати зиёди маънавӣ мебахшад”.

Масъалаи муҳимми дигар интихоби китоб барои мутолиа аст. Дар назари аввал, агар имкон бошад, ҳар як сатри ба даст омадаро хондан мумкин аст. Набояд аз назар дур дошт, ки, мувофиқи фармудаи яке аз нависандагони бузурги таърихнигори асримиёнагӣ Абулфазли Байҳақӣ, ки имрӯзҳо сабки нигориши вай ҳамчун намунаи беҳтарини омӯзиши забони порсии дарӣ (форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ)-и сара, ё худ “роҳи рост” ва намунаи хуби нависандагӣ ба ин забон эътироф шудааст, “…ҳеч набишта нест, ки он ба як бор хондан наярзад” (Таърихи Байҳақӣ, муқаддимаи ҷилди якум, с. 18). Муҳим фаҳмидану маърифати дурусти матлаби хондашуда аст. Беҳуда Низомӣ таъкид накардааст:

Мекӯш ба ҳар варақ, ки хонӣ,

К-он донишро тамом донӣ.

Аммо, агар хонанда ба мутолиаи китоб одат кунад, худаш мустақилона интихоб кардани китоби мутолиа мекардаашро ёд мегирад. Инчунин, барои мутолиа аз маслиҳату машварати аҳли мутолиа ва пешниҳодҳои нафарони гуногун ҳам истифода кардан мумкин аст. Интихоб карда тавонистани китоби хуб барои мутолиа, дар навбати худ, нишондиҳандаи маҳорати маънифаҳмии аҳли мутолиаро ба намоиш мегузорад.

Китобҳои хуб захираҳои бебаҳои ақлу хирад, нуқтаи назарҳои мухталиф, бозёфтҳо, ҳофизаи таърихӣ ва тафаккуру ҷаҳонбинӣ ҳастанд, ки аз насл ба насл мегузаранд ва барои нависандагони баъдӣ ҳамчун сарчашмаву манбаи офариниш хизмат мекунанд. Китобҳои хуб сабаб мешаванд, ки боз китобҳои ҷадид офарида шаванд ва ба ин восита анъанаи навиштану ҳифзу интиқоли дониш аз насл ба насл идома пайдо мекунад.

Тоҷикон аз қадимулайём то кунун дар баробари китоб арҷ мегузоранд, ҳар як сатри навиштаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунанд, варақаи ба хатти ниёкон навиштаро муқадас медонанд, навиштаро дар замин намегузоранд, дар гузашта дар хонаҳо тоқчаҳои махсуси китобнигоҳдорӣ месохтанд, маҳфилҳои китобхонӣ ва қиссагӯӣ доир мекарданд. То гузаштаи на чандон дур маҳфилҳои қиссахонӣ, ҳофизхонӣ, бедилхонӣ ва ривоятгӯӣ ҷузъи муҳимми зиндагии тоҷикон буд.

Аз қадим расмест, ки тоҷикон дар зери болини кӯдакон дар гаҳвора китоб, маъмулан Қуръони карим ва девони Ҳофиз, мегузоштанд. Омӯзиши ашъори шоирони бузург, ба монанди Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Мирзо Соиб, Мирзо Абдулқодири Бедил ҷузъи барномаҳои дарсӣ маҳсуб мешуд. Ошноӣ бо андешаву афкори Аҳмади Дониш ва дигар маорифпарварон дар оғози садаи гузашта ба равшанфикрон неру мебахшид, дар андешаашон инқилоби фикриро ба вуҷуд меовард.

Ба китобхонӣ одат кардан масъалаи бисёр муҳим ва бениҳоят душвор ҳам ҳаст ва ба осонӣ низ ба даст намеояд. Барои ба ин муҳим ноил гардидан роҳҳои бисёре бояд таҷриба бишаванд, ки оғозаш нахустин давраҳои ташаккули шуури инфиродӣ ва ниҳояташ то вопасин лаҳзаи ҳаёт идома бояд ёбад. Бояд дарк кард, ки, ба фармудаи Абдурраҳмони Ҷомӣ

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Бувад бемузду миннат устоде,

Зи дониш бахшадат ҳар дам кушоде.

Дарунаш ҳамчу ғунча аз варақ пур,

Ба қимат ҳар варақ з-он як табақ дур(р).

Ба китобхонӣ одат кардани фарзандонро аз хурдӣ бояд таҷриба кард. Муҳити хонаводагӣ, махсусан, дараҷаи алоқа ва таваҷҷуҳи волидайн ба китобу китобхонӣ ба фарзандон таъсири мусбат мегузорад. Агар падару модар китобхониро ба доираи вазифаҳои ҳатмии ҳамарӯзаи худ ворид карда тавонанд, натиҷаи матлуб ба даст омаданаш мумкин аст. Инчунин, дар мавридҳои муносиб, масалан, сари дастархон нақл кардани порчаҳои муносиб аз китобҳои хонда, ташкили байтбарак бо аҳли хонавода, шавқманд кардани фарзандон аз тариқи ташкили озмунҳои хонаводагӣ ва ташвиқи онҳо аз рӯйи натиҷаҳо роҳҳои самарабахшу фоидаовар ҳастанд.

Зинаи дигар мактаб ва таваҷҷуҳи шоистаи омӯзгорону масъулин дар баробари хондани китоб аст. Хондани китоби бадеиро дар мактаб аз синфи дуюм ва бо мутолиаи асарҳои ҳаҷман хурд ва ё порчаҳо аз асарҳои мансури бузургҳаҷм оғоз ва қадам ба қадам доираро васеътар бояд кард. Навиштани нақли хаттӣ аз рӯйи асари хондашуда, таҳлили асарҳои бадеӣ, баргузор кардани виктаринаҳо, нишастҳои адабӣ, озмунҳои дохилимактабӣ ва дигар чорабиниҳои маъмули тарбиявӣ аз ҷумлаи роҳҳои тарғиби китобхонӣ дар миёни хонандагон аст. Ин зина бе дахолати хонавода ва ҳамкории муштараки омӯзгору волидайн камтар самараи дилхоҳ медиҳад.

Хонандае ки дар ду зинаи мазкур ба хондани китобҳои бадеӣ одат мекунад, дар зинаҳои дигари ҳаёти мустақилонаи хеш ин амали худро огоҳона ва пайгирона давом дода метавонад. Дар зинаи сеюми мутолиа барои интихоби асари бадеӣ дар дилхоҳ мавзуъ маҳдудият вуҷуд дошта наметвонад. Аммо дар ду зинаи болоӣ ба навъе маҳдудият лозим аст, ки ин ҷиҳат ба хусусияти синнусолӣ ва ахлоқу одоби тоҷикӣ бастагӣ дорад.

Хулоса, мутолиаи китоби бадеӣ барои ҳамаи намояндагони касбу кори гуногун, махсусан ҷавонон, амрест зарурӣ, лозимаи рӯзгори бошууронаи инсони худогоҳ, тарбияи насли бомаърифату фаъоли ҷомеа. Китоб ҳамвора ҳамдами ҳамешагии инсон буд ва ҳамчунон боқӣ хоҳад монад. Дар ҳақиқат,

Соиб, маталаб рӯйи дил аз кас, ки дар ин даҳр

Рӯе ки нагардад зи касе, рӯйи китоб аст.

Хоҳем, ки саҳми худро дар ташаккули ҷомеаи навини тоҷикон ва пешравии миллат гузорем, ҳатман ба хондани китоб, бахусус асарҳои бадеӣ, бояд рӯй оварем.

Набояд фаромӯш кард, ки миллати тоҷик милати китоб аст ва коми тоҷиконро дар азал бо сухан бардоштаанд. Ба қавли устод Лоиқ Шералӣ:

Баски коми тоҷиконро бо сухан бардоштанд,

Боз ояд шоиру шеъру пасованди дигар.

Мисбоҳиддини Нарзиқул,

профессор, мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram