РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Хоруғ масъалаи рушди забони давлатӣ баррасӣ гардид

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси шаҳри Хоруғ, раисони ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа, намояндаи прокуратураи вилоят, аъзои Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва намояндагони васоити ахбори омма ҷаласаи комиссияи мазкур доир шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хабар доданд.

Мудир шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ВМКБ ва ҳамзамон котиби комиссия Ғолиб Ниятбеков вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳисобот мазкур кард.

Зикр шуд, ки комиссия дар робита ба рушди забони давлатӣ дар идораву муассисаҳо, корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои таълимии миёнаю олии касбӣ, бо мақсади амалигардонии сиёсати давлатии забон як қатор корҳоро анҷом дод.

Мавсуф қайд намуд, ки дар амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳиссаи раёсати маорифи вилоят, Филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии соҳаи маориф, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят назаррас аст.

Таъкид рафт, ки алъон ҳамаи коргузорӣ дар муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, идораву муассисаҳо, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ пурра ба забони давлатӣ мебошад.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ масъаларо ҳаматарафа таҳлил карда, ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои талаботи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020‐2030» ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Раиси вилоят гуфт, ки забони тоҷикӣ забони шеър аст, бо он асарҳои арзишманд офарида шуданд, ки имрӯз башариятро ғизои маънавӣ дода истодаанд. Аз ин лиҳоз, омӯзиши забони тоҷикӣ ва дар мадди аввал дар зеҳн ва шуури насли наврасу ҷавон ҷо кардани муҳаббат ба забону фарҳанги гузаштаи пурғановати тоҷик вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад.

Ба он эрод гирифта шуд, ки ҳоло омӯзиши забони давлатӣ дар сатҳи муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Бинобар ин минбаъд мушкилиҳои ҷойдошта дар ин самт низ мавриди корбарӣ қарор дода шаванд.

Дар муҳокимаронии масъала раиси шаҳри Хоруғ, раисони ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси дастгоҳи вилоят, котиби шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ректор ва устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, директорони Муассисаи давлатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат ва Литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ иштирок намуда, фикру таклифҳои судманд ба миён гузоштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram