РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бадахшон. Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъйиноти махсус қайд гардид

Дирӯз дар қароргоҳи Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи Раёсати Вазорати корҳои дохила дар ВМКБ бахшида ба 27 -солагии таъсисёбии воҳидҳои мазкур чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД — и Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хабар доданд.

Дар он Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, генерал – лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят, афсарону сарбозони воҳидҳои таъйиноти махсус ширкат варзиданд.

Нахсут, ҳайати расмӣ аз техникаю муҳимоти ҷангии дар ихтиёри воҳидҳои мазкур қарордошта дидан намуданд.

Ҳамоиш бо баровардани байрақи чангӣ ва Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас, сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, генерал – лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ҳозиринро ба ифтихори таъсисёбии Дастаи таъйиноти махсуси милитсия табрик намуда, аз хусусӣ фаъолияти босамари он дар давоми истиқлолият ёдоварӣ кард.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ афсарону собиқдорон ва кулли хизматчиёни Дастаи таъйиноти махсусро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят табрик намуд.

Зикр шуд, ки таъсиси Дастаи таъйиноти махсуси милитсия, ки яке аз ҷузъҳои муҳими Вазорати корҳои дохилӣ маҳсуб меёбад, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат амри зарурӣ ва саривақтӣ буд. Зеро кормандони ин ниҳод бо ҷасорату корнамоии худ дар давраҳои ҳассосу душвор қодир буданд, ки ба ҳар гуна хатарҳои дохилию беруна ҷавоби сазовор гардонанд. Дар муддати начандон тӯлонӣ воҳидҳои мазкур вазифаи худро баҳри ҳифзи якпорчагии давлат, таъмини амнияту суботи ҷомеа ва дастовардҳои истиқлолияти миллӣ сарбаландона адо намуданд.

Дар чорабинӣ аз ҷониби кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон якчанд намуди машқҳои тактикӣ-ҷангӣ дар намуди ҷанги тан ба тан, безараргардонии дастаҳои ҷинояткор ва маҳви пойгоҳҳои террористии дар минтақаи куҳсор ҷойгирбуда намоиш дода шуд.

Дар идомаи чорабинӣ иддае аз кормандони Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бо Ифтихорномаи Раиси вилоят, Ифтихорномаи сардори РВКД дар ВМКБ ва рутбаҳои навбатии сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷом барномаи таҳиянамудаи аҳли фарҳанги вилоят пешкаши ҳозирин гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram