РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Мазҳакаи “Панҷ зани афандӣ” бо роҳбарии Сайрам Исоева намоиш дода шуд

5 декабр дар толори Кохи фарҳангии «Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон ансамбли фолклорӣ-этнографии “Бибиҳо” бо роҳбарию таҳиягарии роҳбари бадеии ансабл Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоева намоишномаи мазҳакавии “Панҷ зани афандӣ”-ро ба намоиш гузошт. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Гулистон хабар доданд.

Дар оғоз сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев номаи шодбошии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзодаро ба муносибати 80-солагии Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоева манзури иштирокдорон намуд.

Зикр карда шуд, ки Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоева ба масири санъати театр ва кинои тоҷик бо нақшофарии бемисл ворид гардида, дар миёни халқ, хоса мухлисон мавқеи арзандаи худро касб намудааст.

Ихлосмандони санъати безаволи тоҷик ба нақшҳои бо маҳорати баланд офаридаи ӯ дилбастагии қавӣ дошта, барои худ пайваста лаззати маънавӣ мебардоранд.

Лозим ба зикр аст, ки Сайрам Исоева пас аз хатми бомуваффақонаи Донишкадаи театрию бадеии шаҳри Тошканд соли (1964) фаъолияти меҳнатиро ҳамчун Ҳунарпеша ва коргардони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ аз соли (1964 то 2006) ва саркоргардони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ аз соли 2006 то имрӯз фаъолият бурда истодааст.

Нақши аввалинро дар соҳаи театр дар намоишномаи «Гавҳари шабчароғ»-и Сотим Улуғзода (холаи Зиёда) бозидааст. Зиёда аз 100 нақш дар пиесаҳои театрӣ офаридааст, аз ҷумла Нози («Ҷанги тан ба тан»-и М.Байчиев), Робия («Суруди нотамом»-и А.Атобоев), Аза («Лулидухтар Аза»-и М. П. Старитский), Сита («Рамаяна»-и А.Гусев), Мирандолина («Соҳиби меҳмонҳона»-и П.Бомарше), Шаҳло («Шаҳло»-и Аминҷон Шукӯҳӣ ), Сотти («Исёни арусон»-и Саид Аҳмад) ва дигарон.

Дар коргардонӣ низ муваффақ гардида, коргардони чанд намоишнома, ба монанди «Маугли»-и Р.Киплинг, «Имтиҳон» ва «Баъди имтиҳон»-и Ф.Ансорӣ, «Дӯстӣ», «Сайр дар соли нав»-и С.Исоева, «Исёни арусон»-и С.Аҳмад, «Аруси шаҳрӣ»-и Н.Исломов мебошад.

Бо киностудияҳои «Тоҷикфилм» ва «Узбекфилм» ҳамкорӣ намуда, чандин нақшҳо, аз қабили Гулнор «Духтари сеюм»-и Анвар Тураев (1969), Гурдофарид «Рустам ва Суҳроб» (коргардон Борис Кимёгаров, 1971), Зумрад «Сирри оила» (коргардон Валерий Аҳадов, 1983), Малика «Агар дӯст дорӣ» (коргардон А.Қуддусов), Малика «Кӯи сафед» (коргардон А.Ҳамроев), Нодира «Танҳо миёни мардум» (коргардон Комил Ёрматов ) Майсара «Саргузашти Майсара» «Рӯзҳои гузашта» нақшҳои ҷолиб офаридааст.

Хизматҳои шоёнаш буд, ки дар ин ҷода муваффақ гардида, соли 1973 ба узвияти Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ва ИҶШС ва соли 1987 бо унвони Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоев ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба санъати театрӣ изҳори самимии миннатдорӣ баён намуд.

Сипас, намоишномаи мазҳакавии “Панҷ зани афандӣ” оғоз гардид.

Барои тамошои намоишномаи мазкур омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ, кормандони соҳаи фарҳанги шаҳр ба Кохи фарҳангии “Истиқлол” ташриф оварда буданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram