РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Тошканд Форуми XV зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Дар Тошканд Форуми XV зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад. Ҳамоиш 12-14 декабр сурат гирифта, дар он масъалаи ҳамкории башардӯстона — таҷрибаи сисола ва дурнамои рушд баррасӣ хоҳад шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи чорабинӣ намоиши ФБҲГ (Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона) «Чеҳраи Иттиҳод», маросими супоридани Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» ва Ҷоизаи байналмилалии «Иттиҳоди дебютҳо» баргузор мешавад.

Иштирокчиён вобаста ба мавзӯъҳои «Мероси фарҳангии кишварҳои иттиҳод», «Ҷомеаи илмӣ ва таълимии кишварҳои ИДМ», «Рамзи навтарини фарҳангии ИДМ: самтҳои рушди ҳамкорӣ», «Адабиёти кишварҳои Иттиҳод — равандҳои нави ҳамгироӣ», «Ҳамкории ҷавонони мамлакатҳои Иттиҳод» табодули назар мекунанд.

Ҳамчунин, ҷаласаи муштараки Шӯрои ҳамкории башардӯстона ва Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ баргузор гардида, дар анҷоми форум қарорҳои ниҳоӣ қабул карда мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram