РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Нахустнамоиши филми мустанади «Зани рӯин» дар коргардонии Ардашери Пайванд баргузор мешавад

9 декабр соати 17:00 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», Кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустнамоиши филми мустанади «Зани рӯин» дар коргардонии Ардашери Пайванд баргузор мешавад. Дар ин бора коргардони филм ба радиои «Фарҳанг» хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш филми мазкур дар доираи Ҷашнвораи минтақавии «MediaCAMP Fest 2022», ки аз 8 то 10 октябр дар шаҳри Олмотии Қазоқистон сурат гирифт, ба намоиш гузошта шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram