РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Китоби «Таҳсилоти олии касбӣ» дар тарҳи нав иштишор мешавад

7 декабри соли 2022 Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар тарҳи нав интишор намудани ҷилди якуми китоби «Таҳсилоти олии касбӣ» ҷаласаи корӣ баргузор намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маорифи мамлакат хабар доданд.

Дар ҷаласа кормандони Раёсати мазкур ширкат намуда, аз ҷумла Наврӯз Мирзозода, сардори Раёсат зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон талош дорад, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омода кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ҳамаи имкониятҳоро самаранок истифода намояд.

Мавсуф инчунин иброз дошт, ки Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ дар асоси супориши бевоситаи вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро дар самти мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба низоми таҳсилоти байналмилалӣ ва таҷдиди назар намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ гурӯҳи корӣ дар ҳамбастагӣ бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, вазорату кумитаҳо ва дигар сохторҳои марбути Вазорати маориф ва илм таъсис дода, дар ин давра Раёсат 25 санади меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбиро дар тарҳи нав бо қарори ҳайати мушовара, аз ҷумла 1 нусхаро бо фармоиши вазири маориф ва илм, 1 нусхаи дигари онро ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуда, инчунин 3 нусхаи дигари санади меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ дар тарҳи нав омода карда шуда, дар баррасии Раёсат ва 2 нусхаи дигари омода шуда дар баррасии вазорату идораҳои дигар қарор доранд.

Маврид ба зикр аст, ки масъулини Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ тасмим дорад, ки то охири моҳи декабр ҷилди якуми китоби «Таҳсилоти олии касбӣ»-ро дар таҳрири нав бо тағйироту иловаҳо аз нашр бароварда, дастраси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ созад.

Мебояд ёдовар шуд, ки баъд аз нашр дастури мазкур роҳнамои ҳайати роҳбарикунанда, роҳбарият ва профессорону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар хоҳад шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram