РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳайати Тоҷикистон дар аввалин ҷаласаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои ОМ ва Ҳиндустон иштирок намуд

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Котиби Шӯрои амнияти кишвар Насрулло Маҳмудзода дар аввалин ҷаласаи мушовирони амнияти миллӣ/котибони Шӯрои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон, ки 5 декабр дар шаҳри Деҳлии Нав доир гардид, иштирок намуд. Дар ин борааз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон хабар доданд.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур иштирок карда, дар робита ба тамоюли афзоиши таҳдиду чолишҳои анъанавӣ ва нав, аз ҷумла киберҷиноят, чолишҳои муҳитизистӣ ва биологӣ ибрози назар кард.

Ба вижа, Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон аҳамияти таҳкими ҳифзи мудирияти сарҳадоти давлатӣ бо Афғонистон, муборизаи муштарак бо қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва ғайраро тазаккур намуд.

Ҷаласа бо қабули Изҳороти муштарак ба анҷом расид.


5 декабр дар ҳошияи ҷаласа инчунин мулоқоти Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода бо Мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба амнияти миллӣ Аҷит Довал доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо роҳҳои таҳкими ҳамкориро дар масъалаҳои таъмини амният мавриди муҳокима қарор доданд.

Ёдовар мешавем, оид ба баргузории аввалин ҷаласаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон дар нахустин Саммити Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 27 январи соли 2022 дар шакли маҷозӣ баргузор гардида буд, тавофуқ ба даст омада буд.

Бояд таззакур дод, ки дар кори ин саммит Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии аввалини Нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон» иштирок ва суханронӣ карданд.

Саммит таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Модӣ сурат гирифт.

Дар кори он инчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат варзиданд.

Иштирокдорони нишаст дар робита ба раванди ҷории муносибатҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон ва ҳамзамон дурнамои рушди минбаъдаи онҳо дар доираи нишасти “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон” табодули афкор намуданд.

Саммит бахшида ба 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон барпо гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстӣ ва эътимоди байниҳамдигарии сиёсӣ, раванди рушди рӯзафзуни ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳангу амниятро миёни ду кишвар маҳсули ин давра номиданд.

Сарвари давлат дар баробари ин таъкид намуданд, ки Ҳиндустон акнун ба шарики муҳими минтақа мубаддал гардидааст ва Тоҷикистон ба ояндаи муносибатҳои гуногунҷанба бо ин кишвар назари нек дорад.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат мавқеи кишвари моро дар ростои самтҳои ояндадори ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа изҳор намуданд.

Нахуст авлавияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва мавҷудияти имконияти фаровон дар ин ҷода таъкид гардид.

Дар ин замина ба раванди фаъоли таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ва тамоюли рӯзафзуни иқтисодӣ, ки хусусияти хоси тамоми ин минтақа мебошад, ишора карда шуд.

Зимнан пешниҳод гардид, ки дар доираи муколамаи “Осиёи Марказӣ — Ҳиндустон” барномаи тадбирҳои мушаххас ҷиҳати татбиқи босамари иқтидори тиҷоратии кишварҳои минтақа мавриди коркард қарор гирад.

Мавҷудияти имконияти бузурги ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ ҷиҳати татбиқи муштараки тарҳҳо дар бахшҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва инфрасохтор, ҳамзамон дар соҳаи аграрӣ зикр карда шуд.

Дар ин росто, манфиатдор будани Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси истеҳсолоти муштарак дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва сабук, бахусус дар самтҳои нассоҷӣ, кимиё, тиб, доруворӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо таъкид гардид.

Сарвари давлати мо ҳамчунин таъкид карданд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика барои рушди устувори иқтисодӣ аҳамияти калон дошта, Тоҷикистон ба раванди роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати тавсеаи иқтидорҳои коркарди “энергияи сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.

Ҳамзамон густариши робитаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ омили муҳими таҳкими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа ва Ҳиндустон дониста шуд. Дар ин раванд алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба рушди шоҳроҳи нақлиётӣ дар масири Мумбай – Чобаҳор – Осиёи Марказӣ мавриди таъйид қарор гирифт.

Пешвои миллат ибрози ақида карданд, ки аҳаммияти рӯзафзуни таъмини амнияти озуқаворӣ зарурати ҳамкории фаъолро дар бахши аграрӣ тақозо менамояд. Вобаста ба ин раванди афзоишёбандаи таъсири манфии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳо дар маҷмӯъ ва аз ҷумла ба бахши аграрии он зикр карда шуд.

Дар ин зимн, Президенти кишвар фаъолияти амалии ҳамоҳангшударо миёни кишварҳои минтақа ва Ҳиндустон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ дар қатори самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ қарор доданд.

Ҳамин тартиб, таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангиву башарӣ аз самтҳои дигари ҳамкорӣ дониста шуд.

Илова бар ин, ҷонибдории кишвари мо аз тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, сайёҳӣ ва тандурустӣ изҳор гардид.

Бо дарназардошти имконияти ҷонибҳо идомаи ҳамкорӣ дар арсаи муқовимат ба ҳамагирии коронавирус ва рафъи оқибатҳои он, тавсеаи имконияти истеҳсоли муштараки маводи тиббӣ, бахусус доруворӣ дар қатори самтҳои муҳими муносибатҳои ҷонибҳо номбар гардид.

Дар соҳаи амният, бо инобати шароити мураккаби байналмилалӣ, муқовимат ба терроризм ва ҳамаи шаклҳои тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз вазифаҳои аввалиндараҷа дониста шуд.

Дар робита ба ин, таваҷҷуҳи иштирокдорони нишаст ба вазъи печидаи Афғонистон ва ҷонибдорӣ аз даъвати Созмони Милали Муттаҳид ба зарурати расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон ҷалб карда шуд.

Дар интиҳоии сухани худ Пешвои миллат зимни ёдоварӣ аз таҷрибаи азми ҳамкории бисёрҷонибаи созандаи кишварҳои минтақа, бахусус дар доираи СММ, СҲШ, МҲТБО муҳим будани рушди минбаъдаи ҳамкории кишварҳои минтақаро дар чорчӯби “Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон” таъкид карданд.

Сарони кишварҳо дар хотимаи нишаст аз натиҷаи он Эъломияи муштарак қабул намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram