РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ҲИЗБЕ ДАР АСОСИ ОРМОНҲОИ МИЛЛАТ. Бахшида ба рӯзи таъсисёбии ҲХДТ

Дар шароити таҳдидҳои берунӣ, бахусус ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо ташаббус ва пайгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил меёбад ва дар вазорати адлияи ҷумҳурӣ 15 декабри соли 1994 таҳти №199 сабти ном шудааст.

Дар банди 1 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оварда шудааст, ки: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолият менамояд”. Яъне, маҳз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ростои татбиқи идеологияи миллӣ-демократикунонии ҷомеа, ки аз қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, пешноҳанг ба ҳисоб рафта, тадбирҳои муваффақи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию ҳуқуқиро амалӣ намудааст.      

Чуноне Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Анҷумани 9-уми ҳизб иброз менамоянд: “Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буда, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба дӯши худ гирифт”. Воқеан, хизмати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккулдиҳи давлати муосири тоҷикон, балки дар бартарафсозии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ хеле созгор аст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд.

Вазифаи ҲХДТ имрӯз бо 6577 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва 517 ҳазору 388 нафар аъзои худ дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд.

Мавриди ёдоварист, ки 30 ноябр дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Раиси ҳизб таъкид намуданд, ки имрӯзҳо мо дар шароити мураккаб қарор дорем. Бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва дастёбӣ ба захираҳои табиӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вобаста ба он, паҳншавии бемории сироятӣ ва мушкилоти дигар зиндагии сокинони сайёраро ба давраи сангинтарин дар таърихи қариб садсолаи инсоният рӯ ба рӯ кардаанд.

Раиси ҳизб иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум нақши сазовор мегузорад. Вазифаҳои асосии ҳизби мо дар марҳалаи нави рушди ҷомеа ва давлат дар барномаҳои пешазинтихоботии он, қарорҳои анҷуманҳои сездаҳум ва чордаҳум, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дар бар мегиранд, мушаххас гардидаанд.

Ба таъкиди Раиси ҳизб, рисолат ва мазмуну моҳияти барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошад. Ишора шуд, ки кумитаҳои иҷроияи ҳизб якҷо бо сохторҳои ваколатдори соҳаҳои гуногун ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва зина ба зина беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро дар маркази диққат қарор медиҳанд, дар таъсиси инфрасохтори иҷтимоӣ, беҳсозии вазъи муассисаҳои таълимӣ, беҳтар гардонидани шароити оилаҳои серфарзанд, ҷудо намудани кумакҳои иловагӣ ба ятимону маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа мусоидат менамоянд.

Аз ҷониби Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид гардид, ки бо мақсади боз ҳам густариш бахшидани корҳо аъзои Фраксияи ҳизбро дар Пармулони мамлакат зарур аст ҳамкориро бо кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тақвият бахшида, тамоми донишу малака ва маҳорату таҷрибаи худро ба хотири амалӣ намудани барномаҳои ҳизб ва татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 равона намоянд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рақобатпазир намудани васоити ахбори оммаи ватанӣ дар шароити ҷомеаи иттилоотиро як ҷузъи барномаи худ барои солҳои 2020-2025 медонад.

ҲХДТ дар ин самт иҷрои корҳои зеринро зарур мешуморад:

• таъмин кардани шаҳрвандон ҷиҳати дастрасӣ ба иттилооти воқеӣ (объективӣ) ва гуногунҷанба ба василаи ВАО ва  иштироки фаъолонаи он дар инъикоси самтҳои гуногуни идоракунии давлат   ва ҳаёти ҷамъиятӣ. Ба ин далел, ки ВАО барои муколама миёни гурӯҳҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоӣ, ниҳодҳо, ҳокимият ва халқ, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим ва муассир дорад.

• рушд ва таҷҳизонидани ниҳодҳои марбута бо технологияҳои муосири иттилоотӣ бо дарназардошти шиддат ёфтани ҷанги иттилоотӣ дар замони муосир, ба ҳайси аслиҳаи пуриқтидор истифода шудани иттилоот аз ҷониби кишварҳои абарқудрат, ки метавонанд ҳама гуна сарҳадотро убур кунанд;

• роҳандозӣ намудани паҳн ва интишор додани иттилоот тавассути технологияҳои нави иттилоотиву иртиботӣ (комуникатсионӣ);

• зиёд намудани маблағгузории давлатӣ дар самти ҳифзи фазои иттилоотии кишвар, хусусан, шабакаи ҷаҳонии интернет;

• ворид кардани таҷҳизоти муосир барои беҳтар кардани сатҳу сифати кор дар марказҳои иттилоотӣ, идораҳои нашрияҳо, аз ҷумла матбуот, радио ва телевизион;

• омода намудани мутахассисони касбии соҳа ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар.

ҲХДТ дар марҳалаи солҳои 2020-2025 рақобатпазир намудани абзорҳои ватании ВАО дар шароити ҷомеаи иттилоотиро ниҳоят муҳим шуморида, дар навбати худ масъалаи имиҷсозии кишварро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон аз масъалаҳои калидии ҳадафҳои барномавии хеш медонад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷаи ҳамин аст, ки намояндагони аксари қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи ин ҳизб мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд.

Абдурозиқ МАРДОНӢ,

рӯзноманигор

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram