РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд

8 декабри соли 2022 дар шаҳри Париж дар чаҳорчӯби Ҳамоиши СММ-об оид ба обҳои зеризаминӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ Шамила Наир-Бедуэлле мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рафти он мавзӯҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ роҷеъ ба об ва иқлим матраҳ шуд.

Шамила Наир-Бедуэлле ба нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои глобалии об баҳои баланд дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram