РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Филми коргардони ҷавони тоҷик дар ҷашнвораи Бастау сазовори “Ҷоизаи таваҷҷуҳи махсуси ҳакамон” гардид

Аз 29 –уми ноябр то 3-юми декабри соли 2022 дар Қазоқистон 10-умин Кинофестивали байналмиллалии нахустфилмҳо ва филмҳои донишҷӯён «Бастау» баргузор шуд.

Филми мустанади «Алиф.До.Ре.Ми», ки аз сӯи коргардони ҷавони тоҷик Алиҷон Ҷалилов омода шудааст, дар 10-умин Кинофестивали байналмиллалии нахустфилмҳо ва филмҳои донишҷӯён «Бастау» дар миёни 60 филм аз 40 кишвари дунё сазовори «Ҷоизаи таваҷҷӯҳи махсуси ҳакамон» (Особое упоминание жюри) гардидааст.

Бори нахуст ин филми мустанади 18 дақиқагӣ дар шаҳри Алмато дар фестивали минтақавии «MediaCAMP» намоиш дода шуда буд.

Ин мустанад дар моҳи октябри соли 2022 дар ҷашнвораи дигар — Lift-Off Global Network (Британияи Кабир) интихоб ва намоиш дода шуда буд. Филм дар доираи лоиҳаи «Формати хурд» -и Интернюс (2022) дар Тоҷикистон таҳия гашта, аз ҳайёти як муаллими мусиқӣ нақл мекунад. Ин мустанад санаи 25-уми ноябри соли 2022 дар Душанбе, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров рӯнамоӣ шуд.

Филми мустанади «Алиф.До.Ре.Ми» дар жанри «мушоҳида» ва дар муддати се моҳ сабту таҳия шудааст. Дар сабту таҳия ва тадвини ин мустанад дар қатори коргардон-таҳиягар — Алиҷон Ҷалилов, ҳамчунин наворбардор- Наврӯз Саидов, садобардор — Эҳсон Субҳонзода, тадвингар — Комил Карим ва коргардони садо — Шаҳриниссо Яковлева саҳм гузоштаанд.

Қаҳрамони филм марди 74 солаест, ки ҳоло низ ба таълими мусиқӣ дар мактаб ва боғчаи бачаҳо машғул аст. Роҳи зиндагии ин парвардаи хонаи ятимон ноҳамвор ва зиндагии ӯ пур аз тазоду рӯйдоду ҳаводиси хушу нохуш буд.

Бояд қайд намуд, ки ин кори аввали мустақилонаи коргардонии Алиҷон Ҷалилов, хатмкардаи «Мактаби Филмҳои Мустанад» аст. Ин мактаб дар шаҳри Душанбе аз моҳи феврал то майи соли равон чандин ҷавонро, ки истеъдод ва ҳунари сохтани филмҳои мустанадро доштанд, ба таълим фаро гирифта буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram