РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хуҷанд: таҳти унвони «Нақш ва мақоми ҲХДТ дар таъмини зиндагии шоистаи мардум» ҳамоиш доир шуд

Дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Нақш ва мақоми ҲХДТ дар таъмини зиндагии шоистаи мардум» бахшида ба 28 – солагии  таъсисёбии ҲХДТ ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар ҳамоиш Зуфар Исмоилзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар вилояти Суғд, Даврон Зоҳидзода, муовини Раиси вилояти Суғд ва Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки соли равон барои мардуми ваҳдатшиори кишвари азизамон соли пур аз фараҳу хотирмон буд. Зеро дар ин сол мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бароямон азизу муқаддас 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарбаландона ҷашн гирифтем. Бешубҳа, ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ дар ваҳдату ҳамбастагӣ ва сулҳу суботи кишварамон нақши калидӣ бозида, ҳар як шаҳрванди хештаншиносу масъулиятпешаро ба созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохт.

Зикр шуд, ки имрӯзҳо дар қаламрави кишвар таҷлили рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки чун ҳизби созандаю бунёдкор ва ҳизби ормонҳои ҳалқ дар ҷомеа мақому манзалати бештар дорад, бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор шуда истодааст. Воқеан ҳам, дар оромиву суботи сиёсии мамлакатамон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби мардумӣ нақши калон дорад. Ин қувваи бузург, ки сиёсати давлатии кишварро дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ муаррифӣ мекунад, дар ҳама чорабиниҳои шаҳр фаъоланд. Махсусан, аёдати собиқадорони меҳнат, шахсони яккаву барҷомонда, ятимону бесаробмондагон дар якҷоягӣ хуб ба роҳ монда шуда, ҳамчунин ҳамагуна ҷашну маросимҳо дар ҳамбастагӣ доир карда мешавад.

Сипас ба як қатор фаъолон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуда, аъзои нави ҲХДТ ба сафи ҳизб пазируфта шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram