РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 75-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ иштирок кард

Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Шерализода дар ҷаласаи 75-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки 8-9 декабр дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, иштирок намуд. Дар ин бора аз ниҳоди мазкур хабар доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла мувофиқакунонии лоиҳаи Созишнома оид ба тайёр намудани кадрҳо барои мақомоти гумруки давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои таҳсилоти иловагии касбӣ ва Созишнома оид ба тартиби гузоштани муҳр ва топпаҳои (штампи) гумрукӣ дар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (ҳамлу нақл) ва тиҷоратӣ аз ҷониби мақомоти гумруки давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон масъалаҳои интихоби роҳбар ва котиби Шӯрои роҳбарони хадамоти гумрук ва кумитаҳои роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ, тасдиқи лоиҳаи нақшаи кории Шӯрои роҳбарони хадамоти гумрук ва Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ, сарфароз гардонидан бо нишони сарисинагии Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ баррасӣ шуда, нисбат ба онҳо қарорҳои мушаххас қабул гардид.

Дар форҷоми ҷаласа масъалаи тасдиқи лоиҳа дар бораи ворид намудани тағйирот ба Номенклатураи ягонаи молҳои фаъолияти иктисодии хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва инчунин тасдиқи Низомномаи мубодила миёни мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба молҳое, ки аз ҷониби макомоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ нисбат ба онҳо вайронкунии ҳуқуқи моликияти зехнӣ ошкор гардидаанд, бо дарназардошти мавқеи иштирокчиён дида шуданд.

Ҳамчунин зимни ҷаласа макони баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар нимаи якуми соли 2023 баррасӣ гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram