Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 то 16 декабри соли 2022 Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.
Дар Намоишгоҳ ноширони муваффақи ватаниву хориҷӣ китобҳои тозанашри хешро пешниҳоди дӯстдорону муштоқон ва аҳли фарҳангу маънӣ мегардонанд.