РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ШУКУҲИ ТАЪРИХӢ ВА ФАРҲАНГИИ УСТОД АЙНӢ

Проблемаи инсон ва замон, шахс ва таърих, иртиботи мутақобилаи онҳо аз ҷумлаи масоили бунёдии баҳсҳои фалсафӣ ва умуман илмҳои ҷомеашиносии муосир маҳсуб меёбад. Ин баҳсҳо махсусан баъди Инқилоби бузурги Фаронса ва суръат гирифтани ҳаракатҳои инқилобию озодихоҳӣ дар кишварҳои Шарқу Ғарб хеле авҷ гирифт. Консепсияи марксистии шахс ва таърих, нақши шахсият дар идоракунии равандҳои таърихию иҷтимоӣ ва сиёсӣ натиҷа ва яке аз бардоштҳои илмии мубоҳисаҳои зикргардида мебошад. Ҷомеашиносон ба иллати ба буҳрони илмию пажӯҳишӣ дучор гардидани таълимоти марксистӣ дар баробари консепсияҳои дигари иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии он аз консепсияи номбурда ва онро ҳамчун андешаи илмии куҳнашуда аз доираи баҳсҳои илмию фалсафӣ берун карданд. Масъалаи воқеияти илмӣ доштани консепсияҳои илми номбурда мавзӯи баҳсҳои фалсафа ва ҷомеашиносӣ мебошад. Инҷо мехоҳем таваҷҷуҳи аҳли назарро ба як андешаи ҷолиби файласуфи бузурги олмонӣ Гегел дар мавриди нуфузи адабиёт ва ҳунар дар марҳилаи гардишҳои иҷтимоию сиёсии нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX ҷалб намоем. Файласуфи олмонӣ равандҳо ва рақобатҳои фалсафа ва адабиёту ҳунарро дар замони худ ба мушоҳида гирифта, тадриҷан ҷойгузини тафаккури фалсафӣ гардидани тафаккури бадеию ҳунариро дар давраҳои баъдӣ равшан пешгӯӣ намуда буд. Ин падида аслан аз равандҳои сиёсию инқилобии давраи зиндагии файласуфи олмонӣ сарчашма мегирад.

Дар кишварҳои Шарқ ҳам равандҳои бедории сиёсӣ ба равандҳои бедории адабию ҳунарӣ бетаъсир набуд. Ҳаракатҳои сиёсию инқилобие, ки дар Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Туркия ва кишварҳои дигар ба амал меомад, пеш аз ҳама аз тарафи адибону ҳунармандони бузургу бохирад ва ҳушёру бедордил истиқбол мешуд. Намунаи равшани ин, зуҳури наҳзатҳои фарҳангӣ зери роҳбарии Маҳатма Гандию Ҷавоҳирлаъл Неҳрӯ дар Ҳиндустон, Иқболи Лоҳурию Алимуҳаммади Ҷино дар Покистон, Маҳмуди Тарзию Саид Ҷамолиддини Афғон дар Афғонистон, Эраҷ Мирзою Фаррухии Яздӣ дар Эрон ва ғайра мебошад, ки ҳам дар Ҳиндустон ва ҳам дар Афғонистону Эрон ин ҳаракоти фарҳангию адабӣ дар канори ҷунбишҳои сиёсии мардум ба натиҷаҳои хуб расиданд. Ба қавли устод Муъмин Қаноат «ягон ҳаракат бе натиҷа намемонад, агар он солим бошад».

Агар аз ин нигоҳ ба муҳити сиёсӣ ва адабию фарҳангии Бухорои охири асри 19 назар андозем воқеан манзараҳои шабеҳи сиёсӣ ва адабию фарҳангиро мушоҳида мекунем. Дар ин давра сармоядорони рус ба хотири пайдо кардани бозорҳои нав барои фаъолиятҳои густурдаи тиҷоратӣ ба сӯи Осиёи Миёна ва баъдан ҳудуди кишвари Бухоро таваҷҷуҳ намуданд. Мардуми заҳматкаш ва равшанфикрони Бухоро, ки дар ҷустуҷуи равшанӣ ва нуру зиёи маърифат буданд, аз ҷунбишҳои коргарӣ ва наҳзатҳои инқилобии Русия таъсир ва нерӯ мегирифтанд.

Ана дар чунин як марҳалаи пуртазод, пурихтилоф ва норавшани сиёсӣ Садриддин Айнӣ, таҳсилдидаи мактаби кӯҳна, шахси дорои донишҳои суннатӣ ба ҳаракати инқилобӣ, ба наҳзати равшанфикрӣ пайваст. Ӯ мисли ҳамсафони дигараш Ф. Хоҷаев, А. Фитрат ва қаблан Аҳмади Донишу Мирзо Сироҷи Ҳаким ҷаҳонгаштаю ҷаҳондида набуд. Бо вуҷуди ин С. Айнӣ ҳақиқати инқилоб ва озодиро бештар ва беҳтар аз дигарон дарку маърифат намуд. Кушта шудани бародараш ва ҳафтоду панҷ чӯби амир, ки худаш хӯрда буд, ӯро хеле солор намуда, чашмашро кушода буд. Вай ҳақиқати рӯзгори сиёсию иҷтимоии Бухорои замонашро акнун бо чашми дигар, бо чашми ҳақиқатбин, бо чашми интиқомҷӯ, бо чашми озодихоҳии ҳамаи мазлумони кишвар медид. Ҳамин шеваи ҷаҳоншиносӣ, ҳамин биниши хоси воқеияти зиндагӣ ӯро ба таълифи «Марши ҳуррият», «Ба шарафи инқилоби октябр», «Ҷаллодони Бухоро», «Одина» ва «Дохунда» водор сохт. Вай дар баробари тараннуми муборизаи халқ, мазлумтарин ва азияткашидатарин табақаи иҷтимоии ҷомеаро қаҳрамони адабиёт, қаҳрамони нахустин асарҳои худ интихоб кард. Акнун, ки табақаи иҷтимоӣ, ки худи С.Айнӣ ҳам парвардаи он буд, сарнавишти ояндаи ҷомеаи кишварро ба даст мегирифт. Ба ҳамин хотир сарнавишт, мубориза ва талошҳои ин табақаи иҷтимоӣ барои озодӣ баҳри С.Айнӣ бетафовут набуд. Вай аз тариқи таҳқиқи бадеии сарнавишти Одинаю Ёдгор ба сарнавишти таърихии халқ муроҷиат менамуд ва онро меомӯхт ва дар асарҳояш тасвир мекард. Дар ин маврид муҳаққиқи адабиёти аҳди шуравӣ Гаджи Ғамзатов чунин мефармояд: «Тафаккури адабӣ таҷрибаи таърихӣ ва ахлоқии халқро ба ҳаракат меовард. Вай ба ин таҷриба такя намуда, воқеиятро вобаста ба ҷаҳоншиносии миллӣ ба қалам медод». Вақте, ки сухан аз таҷрибаи суннати адабӣ рафт, дар мавриди устод С.Айнӣ суннатҳои волои башардӯстонаи адабиёти гузаштаи форсу тоҷикро махсус бояд зикр кард. Чунки шахсияти адабӣ ва коргоҳи эҷодии С.Айнӣ маҳз дар заминаи суннатҳои волои адабии гузашта фароҳам омада буд. Ин таҷриба дар робитаи мустақим бо тафаккури мантиқии нависанда дар эҷодиёти ӯ нақш гузошт. Аксари муҳақиқон Одинаро ҳамчун образи бадеии камфаъолият ва аз моҳияти равандҳои сиёсӣ бехабар тафсир менамояд, ки ин ба назари мо комилан нодуруст аст.

Бояд гуфт, ки ҳар чиз вақту замон дорад, инсон аз бисёр ҷиҳат ва замони худ, маҷрои воқеаю ҳодисаҳои он вобаста аст. Барои замони Одина танҳо фирори ӯ аз дасти Арбобкамол дар он шароит як инқилоб буд.

Одина ва Ёдгор қаҳрамонҳое ҳастанд, ки вобаста ба замони зиндагиашон ба таври комилан мантиқӣ ва мувофиқ бо тафаккури иҷтимоию сиёсии ҳукмрон пеш мераванд. Айниро мантиқи устувори таърихӣ ва адабӣ намегузошт, аз Одина инқилобчӣ, аз Гулбибӣ Гулнор созад, чунки дар замони мавриди назари Айнӣ ҳам эътирозҳо, саркашиҳо, исёнҳо зиёд буданд вале ҳамаи онҳо дар маҳдудаи замони муайяни таърихӣ ҷараён мегирифтанд ва инҳо дар адабиёт, аз ҷумла дар асарҳои С.Айнӣ ба таври воқеъбинона ба тасвир меомаданд.

С.Айнӣ адиби навовар буд ва ин навовариро ӯ дар чӣ медид? Пеш аз ҳама навоварии ӯ дар тасвири шахсиятҳои достонии нав буд. Ин шахсиятҳо зина ба зина ба сӯи худшиносии иҷтимоӣ ва фардӣ ҳаракат мекарданд. Онҳо сарфи назар аз камбағалию бенавоӣ шаъну шарафи инсонии худро мешинохтанд ва онро арҷ мегузоштанд. Барои ҳимояи шарофатҳои инсонии худ тадриҷан азму талош ба харҷ медоданд. Барои адабиёти он солҳо воқеан ин падидаҳо комилан нав буд ва онҳоро ҳамчун навгароӣ дар адабиёт бояд тафсир кард.

Бузургии устод С.Айнӣ дар он аст, ки ӯ ин одамонро дар ҳамон давра ва ҳатто баъзеи онҳоро хеле барвақттар шинохт ва ба қаҳрамони арсаи адабиёт мубаддал гардонд.

Марҳалае, ки Айнӣ Ёдгор ва Гулнорро тасвир менамояд, замони дигар аст. Ин замонест, ки аллакай мардуми Бухоро, аз ҷумла меҳнаткашону мазлумони он ҳам аз наздик омадани озодӣ ва раҳоӣ аз ҷаҳолат огоҳӣ доштанд. Ҳодисаҳои сиёсие, ки дар кишварҳои атроф рух медоданд, нидои равшане аз равандҳои комилан ҷадиди ҷаҳон ва минтақа буд.

Дар мавриди мазкур ва шукӯҳу азамати шахсияти устод С.Айнӣ андеша ронда, устод Муъмин Қаноат дуруст таъкид менамояд: «Садриддин Айнӣ дар «Ҷаллодони Бухоро», «Ёддоштҳо» воқеаҳои дохили Бухороро ба тасвир мегирад. Дар ин ҷо мо бо неку бад, доду бедод ва муҳити адабӣ дучор меоем. Ва дар ин ҷо биниши устод ҳам таърихӣ, ҳам табақотӣ ва ҳам воқеист. Вай дар ягон ҷой фаромӯш намекунад, ки аз кадом табақа сухан мегӯяд ва худи ӯ ба кадом табақа ҳамроҳ аст».

Маҳз ҳамин ихтилофҳо ва таззодҳои табақотӣ ва иҷтимоӣ буданд, ки Айнӣ ҳам дар фаъолиятҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳам дар таълифоти адабӣ мавқеи башардӯстона ва умумибашариро интихоб мекунад ва маҳз ҳамин мавқеи устувори сиёсию адабӣ ӯро аз таъқиботи пайвастаи сиёсии солҳои 30-40 садаи XX эмин дошт. Ҳатто ашаддитарин душманонаш, ки пайваста дар ӯ ҷурми ақидатӣ меҷустанд, гарде аз домонаш пайдо накарданд ва бисёре аз онҳо худашон ба ҳамон ҷурмҳои сиёсие, ки аз дигарон меҷустанд, нобуд гардиданд.

Устод С.Айниро, ҳам дар замони амир ва ҳам дар аҳди шӯравӣ, як хислати муҳими фардиаш наҷот дод, ки он ҳақиқатпарастӣ ва ҳақҷуию ҳақталошӣ буд. Вай дар масири эҷоди бадеӣ, ҳам ҳақпарастию ҳақиқатнигориро ба ҳайси меъёри асосии тасвири воқеияти зиндагӣ ва умуман таълифи осори адабӣ интихоб намуд. Мо ба дараҷаи олии шинохти ҳақиқат дар «Ёддоштҳо», «Марги судхӯр» ва «Ҷаллодони Бухоро» рӯ ба рӯ мешавем. Дар ин асарҳо устод С. Айнӣ ба истилоҳи устод М. Қаноат «мӯйро аз хамир ҷудо мекунад». Ҳол он ки дар он замонҳои пурошӯб ва пуртаззод, замонҳои таҳаввулоту тағйиротҳои бузурги сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ, ки ҳар гуна шахсият раҳгум мезанад, роҳи дурустро пайдо карда, бо он рафтан кори саҳлу осон набуд. Бояд гуфт, ки аксари қаҳрамонҳои Айнӣ сарфи назар аз шабоҳатҳои иҷтимоӣ дар мавриди ҳимоят аз ҳақиқат ва шаъну шарафи инсон ба ҳамдигар тавъам ҳастанд. Нависанда дар тамоми масири эҷодиаш ягон зарра шахси мусбатро манфӣ ва ашхоси манфиро мусбат нишон надодааст, ҳатто дар романи муҳташами «Ғуломон»,ки ҳам аз нигоҳи фарогирии замони таърихӣ ва ҳам аз нигоҳи тасвири шахсиятҳои достони бузург аст, аз меъёри ҳақиқатнигорӣ дар ягон маврид берун намеравад. Дар тасвири се насли ғуломон, ҳам диди таърихӣ ва ҳам диди иҷтимоии нависанда, дар атрофи ҳақиқати воқеӣ мечархад.

Аз мутолиаи хотироти дӯстону ҳамсафони устод С. Айнӣ маълум мешавад, ки ҳақиқатнигорӣ ва ҳақиқатпарастӣ аз ҷумлаи сифатҳои фитрӣ ва модарзодии ӯ низ буданд. Қорӣ Юсуф Ниёзов аз ҳамкориҳои солҳои 1912-1915 бо устод С. Айнӣ ёдовар шуда менависад: «Айнӣ дар хотири ман ҳамчун марди фозил, ҳақгӯй, ротқавл ва росткор боқӣ мондааст». Авлиёқул Абдусамадзода бошад аз мулоқотҳои худ бо С.Айнӣ дар шаҳри Самарқанд қисса карда, ин марди бузург ва адиби тавоноро чунин тавсиф менамояд: «Марди ҳақгӯй, ҳақшинос, ҳидоятгузоранда ва вазифашинос буданд. Либосро хеле озодона мепӯшиданд. Дар либоспӯшӣ, хӯроку хароҷот ба исроф ҳеҷ гоҳ роҳ намедоданд». Ҳамаи ин хислатҳо ва фазилатҳои инсонии нависанда дар тасвирҳояш, дар симои зоҳирию ботинии қаҳрамононаш, дар андешарониҳои адабиаш, дар асарҳои таърихию публисистиаш ба таври равшан таҷаллӣ менамоянд. Намунаи олӣ ва равшани ҳақиқатнигории С.Айнӣ ин тасвири симои бадеии Қорӣ Исмат дар повести «Марги судхӯр» аст. Ба қавли устод М.Қаноат агар каси дигар симои Қорӣ Ишкамбаро тасвир менамуд, танҳо аз масхараю ҳаҷвӣ он фаротар намерафт. Вале устод С.Айнӣ аз як судхури муқаррарии бухороӣ як образи муҳташами ҳам осиёӣ ва ҳам аврупоӣ офаридаст, ки он таҷаллии ҳунари беҳамтои нигорандагии адиб мебошад. Воқеан, ин образи офаридаи устод С.Айнӣ дар адабиёти дунё хеле кам ҳамсону ҳампоя дорад. Ва онро метавон баландтарин пояи маърифати адабию эстетикии муаллиф маҳсуб намуд.

Таносуби замони таърихӣ ва устод С.Айнӣ боз аз он ҷиҳат қобили таваҷҷуҳ аст, ки ин марҳилаи зудҷараёни таърихи халқ дар назди ӯ вазифаҳо ва суолҳои мушаххас мегузошт. Вай ба хотири бозгӯ намудани ҳақиқати таърихӣ «Таърихи амирони манғитии Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик» ва ғайраро навишт, ки онҳо дар ошкор сохтани ҳақиқати таърихи начандон дури халқи тоҷик ва халқҳои дигари Осиёи Миёна қадами ҷиддӣ буд. Бо таълифи силсилаи асару мақолаҳо дар бораи аҳволу осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Бедил, Саъдӣ, Навоӣ, Шоҳин, Ҳайрат, Дониш ва дигарон шинохти ҳақиқати илмиро ба ҳайси кансепсияи марказӣ дар пажӯҳишҳои илмиаш пазируфт. Бояд гуфт, ки ҳам дар таърихшиносӣ ва ҳам дар адабиётшиносии муосири тоҷикӣ устод С.Айнӣ ҳаққи комили асосгузорӣ ва поягузориро дорад ва инро олимони воқеъбин ва ҳақиқатгаро эътироф менамоянд. Ғайр аз ин устод С.Айнӣ мисли як кӯҳи баланду шукӯҳманд ва дарёи пурхурӯшу пуртуғён дар байни ду давраи инкишофи фарҳангу адабиёти тоҷикон меистад ва ин ду давраи муҳиму бузурги адабиёти мо, давраҳои классикию муосирро ба ҳам мепайвандад. Бо амри замони таърихӣ Айнӣ силсилаи адабиёти тоҷикро гусаста накард, балки ҳамчун ҳалқаи пайванди гузаштаю ҳозира бисёре аз суннатҳо ва оинҳои адабии пешинро дар шаклу шеваи нав ва мувофиқи ниёзҳои адабии замони ҷадид аз нав эҳё сохт ва ба онҳо умри дубораю ҷовидона бахшид. Дар баробари ин вай тавассути асарҳои безаволаш ҳақиқати таърихиро ба ҳақиқати адабӣ табдил дод, ки он умри тӯлонӣ дорад. Вай дар маҷмӯъ умри азизашро вақфи хизмати халқ, вақфи умри ҷовид ёфтани ҳақиқати зиндагӣ ва ҳақиқати таърихӣ намуд ва дар ин радиф барои шахсияти достонии асарҳояш ҳам умри абад бахшид.

Шамсиддин Солеҳов,

профессор, мудири кафкедраи назария ва таърихи адабиёти ДДОТ ба номи С.Айнӣ

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram