РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ванҷ: муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 ифтитоҳ гардид

12 декабр дар деҳаи Бунайи Ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Дар расми ифтитоҳи иншооти мазкур Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайризода Шукрулло Қурбоналӣ, директори Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдуллозода Суҳроб Файзали ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Муассисаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои 22 синфхона барои 450 ҷойи нишаст мебошад.

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 12,5 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Корҳои бунёдӣ дар муассиса аз ҷониби ҶДММ «Амирҳамза» моҳи июни соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати кутоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.

Дар муассиса кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, технологияи иттилоотӣ ва кабинетҳои таълимии духтарона ва писарона ташкил карда шуда, бо тамоми таҷҳизоти таълимӣ ҷиҳозонида шудаанд.

Зимни боздид аз синфхонаҳои муассиса Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, хонандагонро барои таҳсил бо баҳои хубу аъло ва иштироки фаъолона дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ даъват кард.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни суханронӣ аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф ёдоварӣ шуда, ба фаъолият оғоз намудани ин муассисаи таҳсилоти ҳамагониро туҳфаи арзанда ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ кард.

Зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар ба рушди маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва пешбарандаи ҷомеа диққати махсус равона намуда, дар ин замина сохтмони муассисаҳои миёнаи умумӣ ва дигар инфоасохтори соҳаи маориф амалӣ гардида, сифати таълиму тарбия ба маротиб беҳтар шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram