РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Музаффар Ҳусейнзода дар вохӯрии 12-уми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ОМ иштирок намуд

11 декабри соли 2022 дар шаҳри Ашқобод муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дар вохӯрии 12-уми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини вазир зимни суханронӣ роҷеъ ба аҳаммияти муборизаи дастаҷамъона бо таҳдиду чолишҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва мушкилиҳои марбут ба тағйирёбии иқлим изҳори назар кард.

М. Ҳусейнзода ширкаткунандагонро бо талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таҳкими муколама, ба вежа дар чаҳорчӯби Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ ҷиҳати пайдо кардани роҳҳали муассири мубориза бо таҳдидҳои номбурда шинос намуд.

Таваҷҷуҳи ҳозирин ҳамчунин ба “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” ва ҳамоишҳои байналмилалӣ дар чаҳорчӯби он ҷалб гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram