РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Тоҷикфилм» ҳамкориҳоро бо киностудияҳои Федератсияи Россия таҳким мебахшад

9 декабри соли 2022 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо директори генералии кинстудияи “Лендок” Телнов А.Н. ва директори киностудияи “Башкортостан” Аминев Ю.М., ки дар доираи Форуми фарҳангӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Зимни вохӯрии самимӣ доир ба рушди ҳамкориҳо, филмбардории муштарак ва ба намоиш гузоштани филмҳо дар қаламрави ҳар ду кишвар ибрози назар карда шуд.

Таҳкими равобиту ҳамкориҳои самаровар дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ боиси рушду нумӯи соҳаи синамо гардида, ҷиҳати тавсеаи муносиботи ҳасанаи синамонигорони ҳар ду ҷониб заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар идома, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки меҳмонон ва аҳли эҷоди Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, дигар коргардонҳою филмноманависон ва алоқамандони соҳа музокирот доир гардида, рӯнамоии ду лоиҳаи синамоӣ-“Бабри барфӣ” барои офаридани филми тасвирӣ ва “Модар” барои филми ҳунарӣ аз рӯйи қиссаи нависанда Темур Зулфиқоров, ки дар ҳамкорӣ бо кинотсудияи “Лендок” амалӣ карда мешаванд, баргузор шуд.

Саранҷом, миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва киностудияи “Башкортостан” Меморандуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид.

Дар доираи татбиқи Меморандуми мазкур таҳия ва наворбардории филмҳои муштарак, ба роҳ мондани намоиш ва паҳнкунии филмҳо, табодули таҷриба, баргузории чорабиниҳои синамоӣ пешбинӣ шудааст.

Тасвиб ва амалисозии меморандум боиси рушди соҳаи синамо ва ҳамкориҳои судманд миёни филмсозони тоҷику рус арзёбӣ мегардад.

Вохӯрӣ ва музокирот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram