РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вохӯрии иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо олимони АМИТ доир гардид

12 декабр бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дониш андар дил чароғи равшан аст» вохӯрии иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо як гурӯҳ олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ олимони шинохтаи кишвар Муҳаммад Абдураҳмон, Кароматулло Олимов, Убайдулло Насрулло, Сӯфизода Муҳаммад ва Фарангис Шарифзода ҳузӯр доштанд. Дар рафти вохӯрӣ бо иштирокчиёни озмун оид ба китобу китобхонӣ, илму маърифат, забону таърих ва илмҳои дақиқ суҳбати гарму самимӣ сурат гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram