РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Музаффар Ҳусейнзода бо вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов мулоқот намуд

12 декабри соли 2022 дар шаҳри Ашқобод  муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзодаро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми муносибатҳои шарикии Тоҷикистону Туркманистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин замина рушди устувор ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таъкид гардид.

Ҳамчунин мубодилаи афкор дар атрофи ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ сурат гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram