РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хатлон: Ҷоизаи раиси вилоят дар соҳаи фарҳанг таъсис ёфт

Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон дар соҳаи фарҳанг таъсис ёфт, ки он аз рўи чаҳор номина доир мегардад. Номинаҳо дар риштаи мусиқии суннатии Фалак ба номи Одина Ҳошимов, дар бахши санъати эстрадаи миллӣ ба номи Муқаддас Набиева, дар риштаи санъати театр ва ҳаҷв ба номи Аловуддин Абдуллозода ва дар бахши санъати рақси миллӣ ба номи Туйдӣ Бобиева гузошта шудаанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд..

Ба иттилои манбаъ, ҷоизаи муқарраршуда ҳар сол дар Рӯзи фалак (10 октябр) ба ғолибони озмуни вилоятӣ, ки дар ҷодаи фалаксароӣ, сурудҳои эстрадӣ, рақс, офаридани нақшҳои мондагор дар саҳнаҳои театрӣ ва ҳаҷв саҳм мегузоранд, тақдим карда мешавад. Ғолибони ҳар номина бо «Диплом», медал ва 5000 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Барои дарёфти Ҷоиза ҳунармандони аз 18 то 50-солае, ки дар муассисаҳои фарҳангии қаламрави вилояти Хатлон на кам аз 5 соли охир фаъолияти эҷодӣ доранд, метавонанд довталаб бошанд.

Дорои истеъдоди баланди касбӣ будан, иштирок дар озмун ва чорабиниҳои эҷодию фарҳангии сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, интихоби мавзӯъ дар суруд ва намоишҳои театрӣ, инчунин саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи шартҳои пешниҳоди номзадҳо ба Ҷоизаи мазкур маҳсуб мешавад.

Ҷоизаи мазкур бо ибтикори Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақоми кормандони соҳаи фарҳанг, рушду такомули санъати касбӣ ва театрӣ дар вилоят таъсис дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram