РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири мудофиаи Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф мулоқот намуданд

15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исломобод бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф мулоқот намуданд.

Дар мулоқот доир ба маҷмӯи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаҳои амнияту мудофиа табодули афкори судманд анҷом дода шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон нақши Покистонро дар ҳалли мушкилоти таъмини сулҳу субот ва мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир муҳим арзёбӣ карда, ба ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои амнияту мудофиа таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

Ҷонибҳо зимни суҳбат муҳимияти таҳкими ҳамкории амниятии ду кишварро, ки асоси онро мубориза бо зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳу маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ташкил медиҳад, таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили муҳими марбут ба вазъияти сиёсию низомӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram