РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Театр-студияи «Хандинкамон» дар Душанбе барномаи солинавӣ пешкаш менамояд

Мақоле ҳаст: «Ханда кардан гуноҳ аст». Аммо ин тавр нест. Чаро? Дар ин бора рӯзи шанбе, 24 декабр дар шаҳри Душанбе ҳунармандони театр-студияи «Хандинкамон»-и шаҳри Хуҷанд зимни барномаи солинавии худ нақл мекунанд ва барнома намоиш медиҳанд. Намоиши онҳо дар кинотеатри «Ватан» баргузор шуда, соати 13:00 оғоз меёбад. Хабар дод АМИТ «Ховар».

Мавриди зикр аст, ки «Хандинкамон» ҳамасола барномаи идонаи эҷодии худро бо навтарин намоишҳои ҳаҷвӣ пешкаши сокинони шаҳри Душанбе мегардонад. Театр-студияи мазкур дар тӯли қариб 20 соли фаъолият беш аз 100 намоиши эҷодӣ ва барномаи консертиро пешкаши ҳаводорони ҳаҷву ханда кардааст, ки аксари онхо дар шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шудаанд.

Муқимҷон Абдуфаттоев- хатмкардаи факултаи режиссёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, асосгузори театр-студияи маъруфи «Хандинкамон» кайҳо боз бо истеъдоди худ дили садҳо тамошобинонро тасхир кардааст. Ӯ дар рушди жанрҳои мазҳакавӣ сахми босазо гузошта, пайваста истеъдодҳои навро рӯи саҳна меорад.

«Дар аввал барномаҳои ҳаҷвии театр-студияи «Хандинкамон» номи дигар доштанд, — мегӯяд ӯ. — Ҳунармандонро аз Исфара ҷамъ оварда, театр таъсис додам. Дар яке аз маъракаҳои ҷавонон чанд намоиш пешкаш кардем. Намоиши мо писанд омад ва моро ба Хуҷанд даъват карданд. Соли 1999 мо бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чанд барномаи ҳаҷвии телевизионӣ ба навор гирифтем. Ва соли 2003 бо дастгирии роҳбарияти вилояти Суғд аллакай дар шаҳри Хуҷанд театр-студияи «Хандинкамон» таъсис ёфт».


Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар театр-студия 6 нафар кор мекунанд, ки тавассути кастинг (озмун) аз байни 32 довталаби ҷавон интихоб шудаанд. «Мо кӯшиш кардем онҳоеро интихоб намоем, ки аллакай истеъдод доранд ва бояд танҳо каме сайқал дода шаванд. Охир, мазҳака мушкилтарин жанр ба шумор меравад ва аз худ кардани он на ба ҳар кас муяссар мегардад», — гуфт Муқимҷон Абдуфаттоев.

Мақоле ҳаст: ханда кардан айб аст. «Аммо ин тавр нест, — мегӯяд Муқимҷон Абдуфаттоев. — Ханда кардан ҷурму гуноҳ нест, вақте он эҷод мекунад, ба некӣ ҳидоят менамояд, фишорро рафъ месозад, одамро аз изтироб раҳо ва шифо мебахшад ва вазъи муноқишавиро бартараф месозад. Охир, бесабаб нест, ки ахиран бо пешниҳоди Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя анъанаи қадимаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият- ЮНЕСКО ворид гардид.

Ҳаҷвнигор муътақид аст, ки имрӯз миллионҳо нафар ба хотири дарёфти пул тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ миллионҳо амалиёт анҷом дода, роликҳои ҳаҷвие ба навор мегиранд, ки ба талаботи тамошобинон ҷавобгӯ нестанд ва ин ҳамаро дар саҳифаҳои худ ҷой медиҳанд. Ба назари ман, ин нодуруст аст.

«Фикр мекунам, ҳаҷви воқеии тоҷикӣ бояд ҳирфаӣ бошад, то ҳадде, ки аз ҷониби намояндагони кишварҳои дигар ба забони худи онҳо тарҷума ва бо зерхатҳо намоиш дода шавад. Мо ҳаҷвнигорони мумтох дорем, аммо, мутаассифона, онҳо шояд аз ваҷҳи мушкилоти молӣ ё бо ягон сабаби дигар ба саҳна намебароянд, балки ба ҷои онҳо ҳаваскорони ғайрикасбӣ ҳунарнамоӣ мекунанд», — зикр кард ҳаҷвнигор.

«Ҳоло ман барои сюжаҳое, ки ба баланд бардоштани саводнокии иттилоотӣ нигаронида шудаанд, сенарияҳо менависам. Мехоҳам, фарҳанги истифодаи интернетро ба таври ҳазл нишон диҳам. Ҳазлу шӯхӣ фақат барои ханда нест, ишораҳои ҷиддӣ ба масолили доғи рӯз ҳам дар пай дорад», — гуфт Муқимҷон Абдуфаттоев.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram