РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2022» ҷамъбаст гардид

Имрӯз, 15 декабр дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2022» баргузор гардид, ки дар он дар номинаи китоби назм ҷойи якумро Давлати Раҳмониён бо китоби «Ҳаҷми нигоҳ», дар номинаи китоби наср ҷойи якумро Ато Ҳамдам бо китоби «Зинаҳои дӯзах», дар номинаи асарҳои назми бачагона ҷойи якумро Ҷӯра Ҳошимӣ бо китоби «Машқи ҳисоб», дар номинаи асарҳои насри бачагона ҷойи якумро Маҷид Салим бо китоби «Саги кӯр» ва дар номинаи асарҳои тарҷумаи бадеӣ ҷойи якумро тарҷумаи китоби «Аз Ховар то Бохтар» — и  Муъмин Қаноат сазовор гардиданд.

Дар оғози маросим муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода зикр кард, ки «имрӯзҳо маҳз бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобҳои зиёди адибони классику муосири тоҷику форс рӯи чоп меоянд ва хонандагон, дӯстдорони китоб аз ин осори пурғановат ғизои маънавӣ мебардоранд. Ҳадаф аз баргузории озмун- ин қадрдонӣ намудани осори гаронарзиши шоирону нависандагон хушзавқу ширинбаёни тоҷик мебошад».

Тазаккур дода шуд, ки озмун аз рўйи шаш номина баргузор гардида, 45 довталаб асарҳои худро барои иштирок ба он пешниҳод намуданд.

Озмунро ҳакамони нуктасанҷ дар ҳайати Шоири халқии Тоҷикистон, раиси ҳакамон Аскар Ҳаким, муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон, муовини раиси ҳакамон Давлат Сафарзода ва аъзои ҳакамон баҳогузорӣ карданд.

Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон, муаллифони зерин ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол — 2022» гардиданд:

Дар номинаи китоби назм

Ҷойи якум: Давлати Раҳмониён бо китоби “Ҳаҷми нигоҳ”;

Ҷойи дуюм: Сафар Амирхон бо китоби “Боғ дар оғӯши борон”

Ҷойи сеюм: Абдулқаҳори Мўсо бо китоби “Орзуи сабз”.

Дар номинаи китоби наср:

Ҷойи якум: Ато Ҳамдам бо китоби “Зинаҳои дӯзах”

Ҷойи дуюм: Сайдаҳмади Зардон бо китоби “Чароғи нигоҳ”

Ҷойи сеюм: Тоҳири Маҳмадризо бо китоби “Ҳар давру ҳар мард”.

Дар номинаи асарҳои публисистӣ:

Ҷойи якум: Абдулҳамид Самад бо китоби “Дастовез”

Ҷойи дуюм: Абдураҳмонон Абдуманнонов бо китоби “Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик”

Ҷойи сеюм: Беҳрӯзи Забеҳулло бо китоби “Офтобе дар миёни сояе”.

Дар номинаи асарҳои назми бачагона:

Ҷойи якум: Ҷӯра Ҳошимӣ бо китоби “Машқи ҳисоб”

Ҷойи дуюм: Раҳмат Назрӣ бо китоби “Ширангубин”

Ҷойи сеюм: Нуруллои Ориф бо китоби “Қанди додо”.

Дар номинаи асарҳои насри бачагона:

Ҷойи якум: Маҷид Салим бо китоби “Саги кӯр”

Ҷойи дуюм: Гулчеҳра Муҳаммадиева бо китоби “Тӯй дар беша”

Ҷойи сеюм: Бежани Ризо бо китоби “4+4”.

Дар номинаи асарҳои тарҷумаи бадеӣ:

Ҷойи якум: Муъмин Қаноат бо китоби «Аз Ховар то Бохтар»

Ҷойи дуюм: Амонбой Ҷумаев, асари Саттор Турсун «Бир кеча йӯлда» («Шабе дар роҳ»)

Ҷойи сеюм: Исобоева Саломат, «Афсонаҳои халқҳои ҷаҳон».

Инчунин бо «Диплом»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Озмуни «Китоби сол — 2022» муаллифон: Файзулло Эшҷонов бо китоби «Бардоштҳои зиндагӣ», Ҷафъари Ранҷбар бо китоби “Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ», Шариф Қозиён бо китоби “Истиқлолият ва мактаби давлатдории Пешвои миллат”, Аскари Абдусамад бо китоби «Энсиклопедияи Фархор» (нашри 2), ТҶБ “Истиқбол” бо китоби Бузургмеҳри Тоҷиддин «Тӯмор» ва Муассиаи нашриявии «Адиб» бо китоби «Умрпайванди китоб» ва «Иҷлосияи тақдирсоз» қадрдонӣ гардиданд

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram