РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

“Маркази ҷумҳуриявии ғизо”-и Тоҷикистон ва Академияи ғизои Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд

Аз 11 то 18 декабри соли равон бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда, табодули таҷриба ва чорабиниҳои якҷоя оид ба пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд як гурӯҳ мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дорад. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар доданд.

Дар доираи сафари корӣ байни ​ Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо” ва Академияи ғизои Ҷумҳурии Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Инчунин мутахассисони Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ оид ба масъалаҳои муҳими ғизо ба курсҳои кутоҳмуддат фаро гирифта хоҳанд шуд.

Маврид ба зикр аст, ки муҳимияти масъалаи ташкили ғизои аҳолӣ ва пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқамандро ба инобат гирифта,​ равобити байналмилалӣ, гузаронидани корҳои илмию таҷрибавӣ аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат пурзӯр гардида истодааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram