Дастаи донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар Олимпиадаи байналмилалии забони англисӣ дар мавзӯи “Мо фарҳанг эҷод мекунем ё фарҳанг моро эҷод мекунад” (“Мы создаём культуру или культура создаёт нас”-“We create culture or culture creates us”) миёни донишҷӯёни курсҳои болоӣ (3-5) ва магистратура сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар ин бора аз донишкадаи мазкур хабар доданд.
Дар ин олимпиадаи ҷаҳонӣ, ки 1 декабри соли 2022 тариқи онлайн дар Федератсияи Россия доир шуд, донишҷӯёни соли сеюми факултети забони англисӣ дар ҳайати даставӣ- Мавлуда Сафарова, Саноат Додобоева ва донишҷӯйи соли чоруми факултети забонҳои Осиё Парюн Ҳомидзода ширкат варзида, сазовори диплом, сертификат ва мақоми сеюм шуданд.
Инчунин донишҷӯи соли сеюми факултети забони англисии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Мавлуда Сафарова дар олимпиадаи байналмилалии забони англисӣ миёни донишҷӯён сазовори ҷойи сеюм ва диплом гардид.