РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти ниёзи аввал баргузор гардид

Имрӯз дар маркази вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, шириниҳо ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ярмарка ба масъулини дахлдор ҷиҳати боз ҳам фаровон намудани маҳсулот дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон таъкид шуд, ки бояд нархи фурӯши маҳсулот аз бозор 10-20 фисад арзон бошад. Таваҷҷуҳи бештар ба афзун намудани номгуйи маҳсулоти ниёзи аввалия карда шуд.

Зимни суханронии худ Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар назди ҳозирин таъкид намуд, ки ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ ва дигар ниёзи аввалия дар остонаи Соли нави мелодӣ тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фаровон ва ғанӣ намудани хони солинавии мардум сурат гирифта, ҳадаф бо нархи дастрас, мустақиман аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ дастрас намудани он мебошад.

Сокинон аз роҳандозӣ гардидани ин тадбири муҳим изҳори қаноатмандӣ карда, маҳсулоти зарурии худро харидорӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram