РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022 муайян шуданд

Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуид, ки дар он хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара Шаҳло Сайдалиева соҳиби «Шоҳҷоиза» ва маблағи 70 ҳазор сомонӣ гардид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ВАО иштирок намуданд.

Нахуст, раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» , муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён таъкид кард, ки соли чорум аст озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад вамуҳимтар аз ҳама, озмуни имсола чеҳраҳои навро муаррифӣ кард.

Имсол озмуни мазкур аз рӯйи 5 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.


Ҷамъбасти натиҷаи озмун нишон дод, ки миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4) дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Динора Кароматзода-хонандаи синфи 5-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи якум, Нозанин Умарова-хонандаи синфи 4-и гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон соҳиби ҷойи дуюм, Фаришта Толибова-хонандаи синфи 4-и мактаби хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷойи дуюм, Иброҳим Алиев-хонандаи синфи 5-и мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М.Атоеви ноҳияи Сино соҳиби ҷойи сеюм ва Муҳаммадюсуф Шарипов-хонандаи синфи 3-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ноҳияи Шаҳристон соҳиби ҷойи сеюм, дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Гулрӯза Ҷамолиддиновна-хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и ноҳияи Ашт соҳиби ҷойи якум, Эраҷ Ҳакимов – хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и ноҳияи Кушониён соҳиби ҷойи дуюм, Робия Ҳакимова – хонандаи синфи 3-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Кушониён соҳиби ҷойи дуюм, Сафия Раҷабова — хонандаи синфи 3-и -муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Гулистон соҳиби ҷойи сеюм, Салоҳиддин Самадов – хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Ванҷ соҳиби ҷойи сеюм, миёни  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар номинатсияи эҷоди назму наср (бахши наср) Анӯшервони Нурзода — хонандаи синфи 11-и гимназияи 1-и шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷойи якум, Маҳмуд Шарифзода — хонандаи синфи 11-и литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи дуюм, Санам Боева — хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Файзобод соҳиби ҷойи дуюм, Сумая Бобоева — хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и шаҳри Ҳисор соҳиби ҷойи сеюм, Насрин Назирзода — хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Бӯстон соҳиби ҷойи сеюм, номинатсияи эҷоди назму наср (бахши назм) Фаридун Ёқубов — хонадаи синфи 11-и гимназияи №2-и шаҳри Истаравшан соҳиби ҷойи якум, Кибриё Солеҳова — хонадаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 ноҳияи Айнӣ соҳиби ҷойи дуюм, Мутриба Муҳаммадсафарзода — хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Файзобод соҳиби ҷойи дуюм, Шоира Абдураҳмонова — хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ноҳияи Сино соҳибии ҷойи сеюм , Гулрӯ Бурҳонова — хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1–и ноҳияи Восеъ соҳиби ҷойи сеюм, номинатсия адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ Меҳрангез Зуробекова — хонандаи синфи 4-и гимназияи №2-и ноҳияи Шоҳмонсур соҳиби ҷойи якум, Афзалмоҳ Амонзода — хонандаи синфи 2-и муассисаи хусусии “Афсона”-и ноҳияи Зафаробод соҳиби ҷойи дуюм, Муҳаммадсолеҳ Азизов-хонандаи синфи 1-и гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷойи дуюм, Оиша Шамсуддинова — хонандаи синфи 1-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №139-и шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи сеюм, Дилором Ҷумъаева-хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Шуғнон соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.


Дар миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) аз рӯйи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори  шифоҳӣ Паричеҳра Ахмедова – хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и ноҳияи Деваштич соҳиби ҷойи якум, Мадина Каримзода – хонандаи синфи 8-и литсейи №2-и ноҳияи Сино соҳиби ҷойи дуюм, Наимзодаи Шабнам-хонандаи синфи 11-и литсейи №2-и ноҳияи Сино соҳиби ҷойи дуюм, Фирӯзаи Тоҷиддин-хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи Рашт соҳиби ҷойи сеюм, Фархунда Шарифова-хонандаи синфи 8-и литсейи инноватсионии ноҳияи Фирдавсӣ соҳиби ҷойи сеюм, дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Сафина Исматшоева-хонандаи синфи 11-и литсейи “Оғохон”-и шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум, Субҳия Тоҳирзода- хонандаи синфи 8-и литсейи “Ориёно”-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи дуюм, Сафина Ҳофиззода- хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и Мастчоҳ соҳиби ҷойи дуюм, Шоҳонаи Ҷовид-хонандаи синфи 10-и литсейи №1-и шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи сеюм, Сабрина Зокирова- хонандаи синфи 7-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и Рӯдакӣ соҳиби ҷойи сеюм, дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Беназир Шоева-хонандаи синфи 9-и гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ соҳиби ҷойи якум, Сабрина Муродова-хонандаи синфи 11-и гимназияи №1-и ноҳияи Сино соҳиби ҷойи дуюм, Шаҳбоз Ҳакимова-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58-и ноҳияи Вахш соҳиби ҷойи дуюм, Манижаи Муъминшо-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Истиқлол соҳиби ҷойи сеюм, Гулбарги Камолиддин-хонандаи синфи 10-и литсейи инноватсионии ноҳияи Фирдавсӣ соҳиби ҷойи сеюм, дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон Шукрона Давлатзода-хонандаи синфи 10-и гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ соҳиби ҷойи якум, Файзулло Қадамов-хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ноҳияи Кушониён соҳиби ҷойи дуюм, Лайло Қӯзибоева-хонандаи синфи 8-и литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷойи дуюм, Сарвиноз Асророва-хонандаи синфи 9-и литсей-интернати Президентӣ дар шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи сеюм, Шукрона Қузратуллозода-хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66-и шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ Нозия Аминбекзода-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино соҳиби ҷойи якум, Хайринисо Раҳмонова-донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ соҳиби ҷойи дуюм, Садбарг Қудратова-донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи дуюм, Муродалӣ Миракзода — донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи сеюм, Рамзия Зарифова- донишҷӯи курси 3-и колллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи сеюм, дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Шоира Мадалиева-донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи якум, Ҳабиба Абдураҳимзода-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ соҳиби ҷойи дуюм, Парвина Азимова-донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик  Бобоҷон  Ғафуров соҳиби ҷойи дуюм, Мирзобег Азиззода-донишҷӯи курси 4-и коллеҷи  тиббии шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи сеюм, Файзигул   Мусулмонзода-донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ соҳиби ҷойи сеюм, дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Мавзуна  Исанова — донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ соҳиби ҷойи якум, Муҳаммадрасул Сатторов — донишҷӯи курси 4-и коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи дуюм, Истамиён Норгул- донишҷӯи курси 2-и  коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи дуюм, Ҷумахон Сафаров- донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи далватии Бохтар ба номи Носири Хисрав соҳиби ҷойи сеюм, Суҳроб Отаев-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров соҳиби ҷойи сеюм, дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон Нурбибӣ Бобоева- донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи якум, Муҳтарамаи Зиёвуддин- донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ соҳиби ҷойи дуюм, Мавлуда   Атаджанова — донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи дуюм, Саёҳат Шукурова- донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи сеюм, Мубина Абдуллоева- донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.


Дар миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, (бакалавр, магистр)  ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар номинатсияи эҷоди назму наср (бахши наср) Бӯрӣ Ҳамрозода- сокини ноҳияи Сино-соҳиби ҷойи дуюм, Муҳаммадалӣ Истамзод- омӯзгори Мактаби муосири байналмилалӣ соҳиби ҷойи дуюм, Абдуллоҳиён Муҳаммадӣ- рӯзноманигор, котиби масъули рӯзномаи “Навиди Балҷувон” соҳиби ҷойи сеюм, Гулистон Сафаралиева — омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75-и шаҳри Ҳисор соҳиби ҷойи сеюм, дар номинатсияи эҷоди назму наср (бахши назм) Зебунисо Қосимова- директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳиби ҷойи якум, Файзулло Дилшодзода- корманди рӯзномаи “Раҳбари  Дониш” шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров соҳиби ҷойи дуюм, Сино Қудратов — унвонҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи дуюм, Бибиомина Ҳамроева- донишҷӯи круси 4-и Донишгоҳи славянии  Россия- Тоҷикистон соҳиби ҷойи сеюм, Ваҳдат Дайхудоев- омӯзгори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва хизмат соҳиби ҷойи сеюм, дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ Заррина Сӯфиева — омӯзгори  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №13-и ноҳияи Зафаробод соҳиби ҷойи якум, Шаҳноза Дониярова- корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи дуюм, Махфират Ашурова- корманди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон соҳиби ҷойи дуюм, Майдагул Миниқулова- омӯзгори  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи сеюм, Назира Толибова- корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи сеюм, дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Гулваши Иброҳим- корманди Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон соҳиби ҷойи якум, Субҳон Эшов-корманди бонки “Коммерсбонк” соҳиби ҷойи дуюм, Мирзошариф Шарифов- корманди телевизиони “Сафина” соҳиби ҷойи дуюм, Муаззам Шафиева- омӯзгори литсейи №1-и ноҳияи Спитамен соҳиби ҷойи сеюм, Асҳобиддин Низомов- корманди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон соҳиби ҷойи сеюм, дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Абдулвосит Расулзода — корманди Кумитаи телевизион ва радиои  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи якум, Рухшона Муқумова — омӯзгори гимназияи №5-и шаҳри Истаравшан соҳиби ҷойи дуюм, Сайнеъмон Сайғуфронов- омӯзгори Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи дуюм, Шабнам Болтаева- омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и шаҳри Ҳисор  соҳиби ҷойи сеюм, Зубайда Раҳмонова — омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Гулистон соҳиби ҷойи сеюм, дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон Абдуҷалили Амон- омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ соҳиби ҷойи якум, Мирзобобур Ибрагимов — омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №7-и ноҳияи Шаҳристон соҳиби ҷойи дуюм, Пулодҷон Ватанов- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз соҳиби ҷойи дуюм, Шоҳина Сафарова-корманди Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи сеюм, Тоҳирхон Асроров — корманди Кумитаи телевизион ва радиои  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Ба ғолибони ҷойи аввал маблағи 35000 сомонӣ, ҷойи дуюм 25000 ва ҷойи сеюм 20000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.


Ҳамзамон, ба 45 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, маблағи 10000 сомонӣ супорида шуд. Дар баробари ин, ҳамаи иштирокдорони озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо Сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар охир муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Сатториён Матлубахон Амонзода ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба Вазорати маориф ва илми кишвар, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳо, инчунин, дар тайёр намудани довталабон ба роҳбаладон, омӯзгорону волидон ва барои шаффофу воқеъбинона баҳогузорӣ намудан ба ҳайати доварон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 5-16-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он 442 нафар довталаб аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд.

Натиҷаи ҷамъбасти ниҳоӣ нишон дод, ки иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе соҳиби 32 ҷой, вилояти Суғд 28 ҷой, вилояти Хатлон 17 ҷой, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 ҷой ва ВМКБ соҳиби 4 ҷой гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram