РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: Барномаи кишварии хазинаи нуфуси СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026 муаррифӣ гардид

Барномаи нави (панҷуми) ​ кишварии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026 муаррифӣ гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Маросими мазкур 16 декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур нахуст давраи 4-уми Барномаи кишварии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2022 ҷамъбаст гардида, барномаи нави (панҷуми) ​ хазинаи мазкур барои солҳои 2023-2026 дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

Дар ҷаласа зикр шуд, ки Барномаи кишварии UNFPA ​ барои солҳои 2016-2022 дар ҳамкории зич бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳои дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуда, дар давоми татбиқи он як қатор натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Хосатан дар чаҳорчўбаи амалишавии Барномаи мазкур дар соҳаи демографӣ, омор, солимии репродуктивӣ, танзими оила, баробарии гендерӣ, пешгирии бемории ВИЧ/СПИД, пешбурди сиёсати ҷавонон, наврасон ва пиронсолон дастовардҳои назаррас ба мушоҳида расиданд.

Дар ҷаласа намояндагони як қатор вазорату идораҳои ​ дахлдори кишвар вобаста ба иҷрои Барномаи кишварии ЮНФПА ва натиҷаҳои амалигардонии барномаи мазкур ​ ибрози назар намуданд.

Дар ҷаласа муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу, роҳбарони як қатор кумитаҳо, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram