РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Тошканд ҷаласаи Шӯрои осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Рӯзҳои 18-19 декабри соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи Шӯрои осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур директорони осорхонаҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат намуданд.

Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар ҷаласаи мазкур ширкат ва дар мавзуи “Дастовардҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ” маърӯза намуд.

Мавсуф дар маърӯзаи хеш баён намуд, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон миёни осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ дар бисёр бахшҳои фаъолияти осорхонавӣ пешгом буд, аз ҷумла, нахустин шуда сайрҳои маҷозӣ, онлайнӣ ва “Онлайн Парад”-ро баргузор намудааст.

Ҳамчунин Осорхонаи миллии Тоҷикистон миёни осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ нахустин шуда ба “Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ” (ИККРОМ) аъзо гардид ва ҳамасола шумораи зиёди чорабиниҳои мухталифро ташкил ва баргузор менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram