РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дастоварди донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ  аз III-юмин Олимпиадаи байналмилалии “Самарқанд-2020”

Рӯзҳои 16 ва 17-уми декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон III-юмин Олимпиадаи байналмилалии “Самарқанд-2020” бо иштироки васеи донишҷӯёни соҳаи тиббӣ беш аз 76 донишгоҳҳои тиббии кишварҳои Русия, Белорусия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркия, Фаронса, Малайзия ва Англия баргузор гардид, ки дар он (як нафарӣ) донишҷӯёни курсҳои 3-ум, 4-ум ,5-ум ва 6-уми факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ ва тиббӣ-профилактикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳти роҳбарии мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Миршарофов Мирсафо иштирок намуданд.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино хабар додааст, ки Олиапидаи мазкур аз рӯи низомномаи худ дар 3 давр дар байни донишҷӯён баргузор гардид, ки даври 1-уми он бо иҷрои саволҳои тестӣ, даври 2-юми он бо суолҳои шифоҳӣ ва даври 3-юми он бо иҷрои малакаҳои клиникӣ сурат гирифт. Дар Олимпиадаи мазкур донишҷӯёни ин Донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram