РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ташаббусҳои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд

Имрӯз, 19 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе Раймундас Кароблисро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар доираи абзорҳои мухталифи дуҷониба ва минтақавӣ баррасӣ намуда, роҷеъ ба таҳкими минбаъдаи пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амният ва дар чаҳорчӯби ташаббусҳои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 18 ноябр дар шаҳри Самарқанд нахустин Конфронси ҳамбастагӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: «Дарвозаҳои глобалӣ» барои рушди устувор баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.

Дар нишасти мазкур масоили марбут ба ҳамбастагии устувор, фароҳам овардани имкониятҳо барои тавсеа ва рушди робитаҳои байниминтақавӣ дар самтҳои рақамикунонӣ, таҳкими масирҳои нақлиётӣ, обу энергетика ва ҳифзи муҳити зист муҳокима гардид.

Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дидгоҳи кишварро бобати рушди ҳамкории бисёрҷониба ва рушди устувор дар ҳошияи ин абзор баён намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram