РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бо мақсади гиромидошти оҳангсози тоҷик Зокир Нишонов дар Мактаб-интернати ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид

Рўзи 16 декабри соли 2022 бо мақсади гиромидошти хотираи композитори шинохтаи тоҷик шодравон Зокир Нишонов дар толори консертии Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ аз ҷониби хонандагони синфи 9 дар бораи ҳаёт ва фаъолияти композитор Зокир Нишонов гузоришҳо пешниҳод гардиданд.

Дар барномаи фарҳангии чорабинӣ аз эҷодиёти композитор оркестри омехтаи мактаб-интернат бо як маҳорати хос иҷро намуд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки оркестри мактабӣ зери роҳбарии дорандаи ордени «Шараф дараҷаи 2» устод Ганҷ Ғуломҳайдаров фаъолият менамояд. Бо назардошти ин, баҳри такомул додани фаъолияти эҷодӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии толибилмон, хонандагони синфҳои 11-уми мактаб ҳам ба сифати дирижёр ҳунарнамоӣ карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти мактаб ба масъулин ҷиҳати баргузор намудани чунин барномаи фарҳангӣ арзи сипосу миннатдорӣ баён гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram