РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Москва рӯнамоии китоби нави дарсии «Забони тоҷикӣ баргузор гардид

Дар Маркази адабиёти шарқи Китобхонаи давлатии Россия рӯнамоии китоби дарсии «Забони тоҷикӣ. Тарҷумаи ҷамъиятию сиёсӣ» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар дод. Китоби мазкур дар Донишкадаи давлатии муносибатхои байналмилалии Москваи (ҳоло Донишгоҳ) Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия аз чоп баромада, муаллифони он Ҳалима Хушқадамова ва Елена Гладкова мебошанд.

Қабл аз маросим иштирокчиён ва меҳмонон намоишгоҳи хурди махсуси китобҳои фондҳои Китобхонаи давлатии Россия боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ дастовардҳои нашриётҳои чопӣ — китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои мактабҳои русӣ ва русзабонҳо аз солҳои 1920-уми асри гузашта то имрӯз ба маъраз гузошта шуданд.

Муовини директори Маркази адабиёти шарқи Китобхонаи давлатии Россия М В. Меланина меҳмонон ва иштирокчиёни маросимро хайрамақдам гуфта, дар бораи анъанаи деринаи ҳамкорӣ, ки Марказ ва Донишкадаи давлатии муносибатхои байналмилалии Москва (Донишгоҳи)-и Вазорати корҳои хориҷии Россияро мепайвандад, сухан гуфт.

Доктори илмҳои ҷомеашиносӣ, профессори кафедраи забонҳои ҳинду эронӣ ва африқоӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Х.О. Хушқадамова таваҷҷуҳи ҳозиринро ба «Китоби дарсии забони точикӣ барои мактабҳои олӣ «Забони тоҷикӣ» (нашриёти «Ирфон», 1969) бо соядасти муаллифони китоби дарсӣ, ки ба унвонии нависандаи машҳури советию тоҷик Сотим Улуғзода 2 сентябри соли 1969 нашр шуда буд, ҷалб намуд.

Худи нависанда, ба гуфтаи вай, 8 майи соли 1995 ба ӯ, он замон котиби матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Россия ин китоби дарсиро ҳадя кардааст ва Халимахон Отамбековна бар ин бовар аст, ки ин ҳидояти устодро то андозае иҷро мекунад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram