РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ҶАЛАСАИ XXVIII ШӮРОИ ИТТТИЛООТИИ ИДМ БАРГУЗОР ШУД. Иштирокчиёни он ба ширкати фаъолона дар пӯшиши хабарии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон даъват карда шуданд

19 декабр ҷаласаи навбатии XXVIII Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Шӯрои иттилоотии ИДМ) дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Иштирокчиёни он масъалаҳои ҳамкории эҷодӣ дар соли 2023-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷаласа таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокчии ИДМ, Директори кули ТАСС Сергей Михайлов сурат гирифт.

Дар ҷаласа роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии «Азертадж» (Озарбойҷон), «Арменпресс» (Арманистон), «БелТА» (Беларус), «Казинформ» (Қазоқистон), «Кабар» (Қирғизистон), ТАСС (Русия), «Ховар» (Тоҷикистон) ва «УзА» (Узбекистон) ба сухан баромада, роҷеъ ба ҳамоҳангсозии фаъолияти иттилоотӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо мақсади рушди ҳамкорӣ миёни давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи иттилоот изҳори назар намуданд.

Зимни суханронии худ Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ дар бораи тадбирҳое, ки дар Тоҷикистон ҷиҳати рушду тавсеаи забони русӣ ба муносибати дар қаламрави ИДМ Соли забони русӣ эълон гардидани соли 2023 андешида мешаванд, ёдовар шуда, ба ширкаткунандагон оид ба пазируфта шудани пешниҳоди навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо макълумот дод. Директори АМИТ «Ховар» аз роҳбарони агентиҳои давлатии итиилоотии ИДМ даъват намуд, ки дар пӯшиши иттилоотии ин ва дигар иқдомҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд.

Матни пурраи суханронии Директори АМИТ «Ховар» дар ин ҷаласа дар саҳифаи русии сомонаи АМИТ «Ховар» ҷой дода шудааст.

***

Хотиррасон мешавем, ки Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Шӯрои иттилоотии ИДМ) 3 ноябри соли 1995 дар асоси Созишномаи Ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии ИДМ таъсис дода шудааст.Дар айни замон роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Озарбойҷон («Азертадж»), Арманистон («Арменпресс»), Беларус («БелТА»), Қазоқистон («Казинформ»), Қирғизистон («Кабар»), Молдова («Молдпресс»), Русия (ТАСС) ва Тоҷикистон («Ховар») узви Шӯрои роҳбарони агентииҳои давлатии иттилоотии ИДМ мебошанд.

Раисии Шӯроро Директори кули ТАСС С.В.Михайлов бар уҳда дорад.

Тибқи Низомномаи Шӯро, вазифаҳои асосии он аз инҳо ибратанд:

таҳияи тавсияномаҳо барои агентиҳои давлатии итиилотии кишварҳои иштирокчии ИДМ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди бемамониат паҳ намудани иттилоот;

ташкили табодули таҷрибаи фаъолияти ҳирфаӣ;

таҳияи пешниҳодот ҷиҳати иҷрои босамари қарорҳои қабулкардаи Шӯро ои ба ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот;

баррасии масъалаҳои вобаста ба омӯхтан ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ;

мусоидат ба рушди технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ дар кишварҳои иштирокчии ИДМ;

таҳияи пешниҳодот оид ба танзими меъёрии ҳукқуқии табодули иттиилоот.

Фаъолияти Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокчии ИДМ тибқи қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, Консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар санадҳое, ки стратегияи рушди ИДМ-ро муайян менамоянд, ба роҳ монда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram