РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Адиби тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим дар Форуми кушоди дӯстии халқҳо дар Перм иштирок кард

8 декабр дар  ҷараёни Форуми кушоди дӯстии халқҳо, ки  дар вилояти Перми Россия баргузор гардид, шоир, публитсист ва тарҷумон Абдуқаҳҳори Қосим аз ҷониби Котиби генералии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё бо Сипоснома «Барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ ва гуманитарӣ, ташаббуси эҷодӣ ва таҳкими дипломатияи мардумӣ» сарфароз гардонида шуд. Дар ин бора   Абдуқаҳҳори  Қосим   ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ додааст.

Анҷумани халқҳои Россия ҳамчун ҳамкор-ташкилотчии форум баромад намуда, дар он намояндагони мақомоти ҳукумат, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии байниҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, иштирокчиёни Озмуни I байналмилалии «Пешсафи дипломатияи мардумӣ» ва намояндагони 36 давлати дунё иштирок намуданд.

Дар Форуми кушоди дӯстии халқҳо ва ҷаласаи панелӣ шоир ва рӯзноманигор Абдуқаҳҳори Қосим ҳамчун идомадиҳандаи роҳи устод Мирзо Турсунзода иштирок намуда, оид ба таҷрибаи пешқадам аз фаъолияти худ дар ҳамкорӣ бо Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва ташкилоти байналмилалии ҷамъиятии дунё дар соҳаи санъату фарҳанг, оммавигардонии забон, адабиёт ва санъат, таҳкими эътимоди дустӣ ва ҳамкорӣ миёни халқҳо, ки беҳтарин дастоварди дипломатияи фарҳангӣ мебошад, сухан гуфт.

Абдуқаҳҳори Қосим иброз дошт, ки «дипломатияи мардумӣ роҳ ба ҷаҳони умед, муҳаббат ва пул миёни дилҳост. Ин роҳи сулҳу амонӣ, шаъну шараф ва фидокории инсоният аст. Дӯстӣ миёни мардуми дунё, ҳамфикрӣ ва муносибатҳои хирадмандона одамонро қонеъ мегардонанд ва сулҳу осоишро таҳким мебахшанд. Муттаҳид шудани садои мардуми ҷаҳон бидуни тафовут аз ранги пӯст, дин, ҷинс ва нажод эътимод ба вуҷуд оварда, гарави ҳамоҳангсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва маданию фарҳангӣ хоҳад буд».

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram