РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба хотири бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ коференсияи илмӣ-оммавӣ баргузор гардид

Таҳти унвони «Дунёи ғазал» 19 декабри соли 2022 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Консепсияи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ коференсияи илмӣ-оммавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз дафтраи матбуоти вазоати мазкур хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар конференсия муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф, сардорони раёсату шуъба, роҳбарон ва кормандони эҷодии зерсохторҳои вазорат ва донишӯёни факултетҳои забону адабиёти донишгоҳҳои шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Сафарзода Давлат Шариф зимни суханронии хеш вобаста ба шоҳасари оламшумули мутафаккири барҷастаи адабиёти классики тоҷику форс “Маснавии Маънавӣ” андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин асари безавол бо теъдоди даҳ ҳазор нусха рӯи чоп омад ва ба дасти хонандаи хеш расид.

Ҳамзамон, сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорат Мирализода Раҳмоналӣ., Шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб, шоир ва муҳаққиқи осори Мавлоно, номзади илмҳои филология Беҳрӯзи Забеҳулло дар мавзӯъҳои “Мавлоно дар меҳвари сиёсати фарҳангии Пешвои миллат”, “Ҷойгоҳи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ дар фарҳанги умумибашарӣ”, “Мавлоно дар ойинаи муҳаққиқони Ғарб” ва “Дунявият дар осори Мавлоно” маърӯзаҳо эрод намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram