РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ДМТ Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат ифтитоҳ ёфт

21 декабр бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди донишгоҳ Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат ифтитоҳ ёфт. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.

Дар ифтитоҳи маркази мазкур меҳмонони гиромиқадр: ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшед, директори Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ Холиқзода Абдураҳим, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳаким Розиқзода, директори Китобхонаи миллии кишвар Файзализода Ҷумахон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф, ҳамзамон, намояндагони сохторҳои мухталифи кишвар иштирок доштанд.

Зимнан таъкид шуд, ки ҳадаф аз таъсиси Марказ омӯзишӣ, таҳлил ва тарғиби дастури амалкардҳои илмӣ ва амалии фарзанди қаҳрамони миллат аст, ки ба халқ ва давлати худ хизмати мондагор кардааст. Пешвои муаззами миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлоли демократӣ ва ҳуқуқбунёд, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо намудааст.

Бояд қайд намуд, дар ин марказ осори беназири Сарвари давлат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ва зиёда аз 600 асар доир ба фаъолияту корномаи Пешвои миллат, ки аксаран аз ҷониби устодону кормандони донишгоҳ таълиф гардидаанд, ҷамъоварӣ шудааст. Марказ бо сабку усулҳои хоси санъати меъморӣ ва миллии халқи тоҷик дар паҳлуи “Осорхонаи Пешвои миллат” сохта шудааст.

Бояд қайд намуд, ки Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ аз як толори калони муҷаҳҳаз бо технологияи замонавӣ иборат буда, дар он 5 компютер бо 5 ҷойи нишаст, 1 монитор, ду ҷевони китобдорӣ ва дигар лавозимоти лозима, ки хусусияти хоси давлатдории миллӣ, таърих фарҳанг ва тамаддуни тоҷикро инъикос менамояд, ҷой дорад. Раёсати Донишгоҳ мақсад дорад, ки минбаъд фаъолияти ин маркази пажуҳиширо баҳри омӯзиши мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат ба таври самаранок роҳандозӣ намуда, олимони зиёдро дар атроф муттаҳид намояд.

Ҳамчунин, дар назди Марказ секторҳои гуногуни илмӣ амал хоҳанд кард, ки ба омӯзиши масоили таърихӣ ва таърихнигорӣ, таҳлили сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масоили вобаста ба иқтисодиёт ва ҳуқуқ, фарҳанг, забон ва арзишҳои миллӣ ва динӣ нигаронида шудаанд.

Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат маркази базавии илмии донишгоҳ дар самти пешбурди робитаҳои донишгоҳ бо дигар муассисаҳои илмиву таҳқиқотии кишвар ва сохторҳои илмии созмонҳои байналмилалии дар ҷумҳурӣ амалкунанда мебошад. Дар ин қарина кормандони Марказ мунтазам дар чорабиниҳои илмиву фарҳангие, ки бо ташаббуси ин сохторҳо гузаронида мешаванд, иштирок намуда, таваҷҷуҳро ба коркардҳои хислати амалидошта равона хоҳад кард.

Сипас меҳмонон аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар паҳлӯи маркази мазкур ҷойгир аст, боздид намуданд.

Баъд аз кушодашавии Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат ва тамошои Осорхона бо иштироки меҳмонон дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён ба ин муносибат конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Пешво-бунёдгузори давлатдории навини миллӣ” баргузор гардид.

Баъд аз садо додани Суруди миллӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ташрифи меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, ифтитоҳи маркази мазкурро дастоварди назаррас барои ҷомеаи илмию адабии кишвар унвон намуд.

Зимнан таъкид дошт, ки пазироии ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон бо ҳамовозии 153 давлати дунё дар асоси Қатъномаи СММ эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряҳо” мояи ифтихор мебошад. “Воқеан Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихори миллати тоҷик аст ва корнамоиҳои ин абармарди таърих аз ҳар нигоҳ пажӯҳиш ва таҳқиқи вижаро тақозо менамояд. Таъсиси «Маркази илмӣ — таҳқиқотии Пешвои миллат” низ дар ДМТ ҳамин ҳадафро дар пай дорад”-иброз дошт ректори донишгоҳ.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки мувофиқи Низомнома «Маркази илмӣ — таҳқиқотии Пешвои миллат” сохтори илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи миллӣ буда, аз бахшҳои ҷамъоварии осор, муназзамсозӣ ва таснифи самти фаъолияти сиёсӣ ва иҷтимоии Пешвои миллат; таҳқиқи осори илмӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллат; коркард, таҳия ва омӯзиши барномаи “Мактаби сиёсии Пешвои миллат”; ташкили семинарҳо ва ҳамоишҳои солона вобаста ба мавзуъ дар иртибот бо санаҳои тақдирсози сиёсӣ ва ҳуқуқӣ; тарғибу ташвиқи осори Пешвои миллат тавассути васоити ахбори омма ва дигар механизмҳои тарғиботӣ иборат аст. Бо таъсиси ин марказ тасмим гирифта шудааст, ки барои ҳама ихтисосҳо дар донишгоҳ “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” ҳамчун курси махсус дар ҳаҷми то 48 соат тадрис карда шавад.

Дар қаринаи ҳадафи аслии мазкур Марказ ба омӯзиши чунин самтҳо машғул мешавад: Портрети сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун “Асосгузори мактаби нави сиёсии Тоҷикистон”; Эмомалӣ Раҳмон – поягузори ҳуқуқи миллӣ; Эмомалӣ Раҳмон -эҳёгари арзишҳои миллӣ, динӣ ва таърихии халқ, омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи миллат дар осори Пешвои миллат; омӯзиш ва таҳқиқи масъалаи забон дар осори Пешвои миллат; Эмомалӣ Раҳмон асосгузори ваҳдати миллӣ; Пешвои миллат ва сиёсати байналмилалӣ…

Фаъолияти Марказ дар умум ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар роҳи татбиқи ҷанбаҳои илмии мактаби сиёсии Пешвои миллат дар барномаҳои стратегию таҳқиқотии донишгоҳ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Гуфта шуд, ки воқеан, Пешвои муаззами миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Таҷрибаи 30 соли давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит месозад, ки тамоми муваффақияти Тоҷикистони соҳибистиқлол, чи дар самти сиёсати дохилӣ ва чи дар самти сиёсати хориҷӣ, аз мактаби бузурги давлатдории ин сиёсатмадори ҷаҳонӣ маншаъ мегирад.

Дар ҷараёни конференсия ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки вақти он расидааст, ки мо ба заҳмату машаққатҳои Пешвои миллат арҷгузорӣ намуда, ба қадри шароитҳои мусоиди фароҳамовардаи Сарвари давлат бирасем. Албатта, рисолаи таъсиси Маркази мазкур аз он иборат мебошад, ки ҷонфидоиҳову корнамоиҳои Пешвои миллат аз ҷониби муҳаққиқони ҷавон мавриди таҳқиқотҳои илмӣ қарор гирифта, дар шакли рисолаҳои номзадиву докторӣ рӯйи чоп оварда шаванд.

Дар воқеъ, Пешвои миллат дар тамоми самтҳои мухталиф корнамоиҳои зиёд анҷом додаанд.

Сипас, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшед ва раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳаким Розиқзода суханронӣ намуда, иқдоми навбатии роҳбарияти донишгоҳро дар самти илму таълим судманд арзёбӣ намуданд.

Дар ҷараёни нишаст директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Холиқзода А.Ғ. дар мавзӯи “Пешвои миллат ва заминаҳои ҳуқуқии таъсиси давлати миллии Тоҷикистон”, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессори донишгоҳ Имомзода М.С. дар мавзӯи “Пешвои миллат ва бунёди ҷомеаи миллӣ” ва доктори илмҳои таърих, профессор, декани факултети таърих Шарипов Р.Я дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи анъанаҳои мардумӣ” маърӯза намуданд.

Дар анҷоми конференсия як зумра ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, аз ҷумла Насриддинова Раъно, Саидова Сарвиноз, Каримов Султон, Восиева Фарзона, Боқиев Муродбек, Самандарзода Парвина порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.

Ёдрас мешавем, ки ифтитоҳи Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат дар назди ДМТ рӯйдоди муҳимми таърихӣ на танҳо барои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ, балки барои ҷомеаи илмдӯсту фарҳангпарвари миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram