РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Давлатзода Зулфия Давлатзода бо Сафири навтаъйини фавқуллода ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Григорев Семён мулоқот кард

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21 декабри соли ҷорӣ мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо Сафири навтаъйини фавқуллода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григорев Семён Вячеславович баргузор гардид. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.

Миёни ҷонибҳо гуфтугӯи дӯстонаю самимӣ сурат гирифта, ҳамкориҳо дар самти фарҳанг ва санъат, тақвияти ҳамкориҳои минбаъда бо Федеретсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ баргузор гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram