РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кумаки навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Покистон

Кумаки навбатии башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табиии селу обҳезиҳои шадид моҳҳои охир хисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дидаанд, дастрас гардид. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Исломобод хабар дод.

Кумаки башардӯстона аз маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии санитарию шустушўйӣ дар ҳаҷми қариб 5000 тонна, аз ҷумла аз 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандуми истеъмолӣ, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1500 тонна ангиштсанг, 2000 тонна семент, 5000 дона шифер, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собуни хоҷагӣ иборат буда, маблағи 19 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бояд таъкид намуд, ки 1 декабр бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки навбатии башардӯстона фиристода шуд.

Тибқи дастури Пешвои миллат сохторҳои дахлдори мамлакат барои то қаламрави Ҷумҳурии Исломии Покистон расонидани кумаки ҷудогардидаи башардӯстона вазифадор карда шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram