Ғолибони озмуни стипендияи президентӣ дар соли таҳсили 2022 – 2023 муайян гардиданд. Дар он 3000 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ ҳамчун ғолибони озмун дониста шуда, давоми нуҳ моҳи соли таҳсил бо стипендияи президентӣ ҳар моҳ ба маблағи 600 сомонӣ таъмин мегарданд. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Стипендияи президентӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 тасдиқ шуда, ҳамасола дар асоси низомномаи мазкур озмун аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон гузаронида шуда, ғолибон муайян ва давоми соли таҳсил бо стипендия таъмин карда мешаванд.
Аз таъсиси стипендия, яъне аз соли 1998 то соли 2020 теъдоди стипендияҳои президентӣ ва маблағи онҳо марҳила ба марҳила зиёд гардида, дар доираи эълони намудани соли 2017 Соли ҷавонон теъдоди стипендия аз 300 адад ба 400 адад расонида шуд. Аз 1 сентябри соли 2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди гирандагони он аз 400 адад ба 3000 адад ва ҳаҷми маблағи он барои ҳар гирандаи стипендия дар як моҳи соли таҳсил ба 500 сомонӣ расонида шуд, ки ин беҳтарин иқдом барои дастгирии ҷавонони лаёқатманду фаъол мебошад.
Дар соли таҳсили 2022 – 2023 ҳаҷми маблағи он ба 600 сомонӣ расонида шуд.