РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо директори муассисаи таълимии хизматии дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон  мулоқот намуд

24 декабри соли 2022 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷӣ, директори муассисаи таълимии хизмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон Акира Муто баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо дар робита ба такмили ихтисоси хизматчиёни дипломатии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҷопон табодули афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати имзои санади ҳамкорӣ вобаста ба ин изҳор намуданд. 

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram