РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имзои Созишномаи ҳамкорӣ дар доираи Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ

24 декабр дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Агентии Тоҷикстандарт хабар доданд.

Ҳайати Арабистони Саудиро Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ роҳбарӣ кард.

Дар ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, ки бо иштироки ҳайатҳои корӣ сурат гирифт, нахуст роҳбарони ҳайатҳо – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ ва Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ суханронӣ намуданд.

Сипас, аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳо маросими имзои Протоколи ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва дигар санадҳои ҳамкорӣ доир гардид.

Ҳамчунин, байни роҳбарони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти стандартизатсия, метрология ва сифати Подшоҳии Арабистони Саудӣ («SASO») созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки идомаи ҳамкориҳои босамар дар доираи ин ин Созишнома, барои густариши соҳа ва дар ин замина рушди иқтисоди мамлакат мусоидат менамояд.

“Аз ин шод ҳастем, ки ташрифи шумо ва оғози ҳамкориҳои нав барои ҳамгироии байни мақомоти мо, махсусан дар соҳаи стандартҳо, метрология, баҳодиҳии мутобиқат ва дигар намудҳои фаъолияти байнисоҳавӣ мусоидат мекунад ва дар ин замина мо метавонем аз таҷрибаи ҳамдигар самаранок истифода бурда, ба рушди савдои байни давлатҳои Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб гузорем”, — изҳор дошт, дар раванди суханронӣ, директори Агентии Тоҷикстандарт Темурҷон Абдулваҳобзода.

Баъд аз ҷаласа, Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баргузор гардид, ки он суханронии роҳбарони ҳайатҳо, маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ, муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва дигар масоили муҳими ҳамкорӣ (аз ҷумла, вохӯрии ширкатҳои бахши хусусӣ) дар самти сармоягузорию таҳкими ҳамкориҳоро дар бар мегирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram