РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба 495 нафар кӯдаки ятиму бепарастор туҳфаҳои идона тақдим гардид

Дар дотраи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар арафаи соли нав дар муассисаҳои типпи интернатии ҳудуди пойтахт ҳамоишҳои гуногуни маърифатӣ ташкил карда мешавад. Инчунин дар ин замина тақдими тӯҳфаҳои идона низ роҳандозӣ гардид. Зимнан дар МД таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе низ чунин ҳамоиши идона созмон дода шуд. Дар раванди ҳамоиши идона аз ҷониби иштирокчиён туҳфаҳои идона аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба 495 нафар тарбиятгирандагони ин муассисаи типии интернатии шаҳр тақдим гардид. Анҷоми чунин амали нек боиси хурсандиву болидаруҳии кӯдакону навравсон гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ ширкатдорон аз дастгириҳои пайвастаи ин муассисаи аз тарафи МИҲД-и шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ёдовар шуда, афзуданд, ки оянда низ чунин тадбирҳо ташкил карда мешаванд. Барномаи рангини фарҳангии омода намудаи масъулин бо ҷалби тарбиятгирандагони фаъоли маҳфилҳои эҷодиву ҳунарӣ идомабахши чорабинии ҷашнӣ дар Мактабинтернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе гардид. Зери сурудҳои таронаҳои дилнишини ҳамсолони худ тарбиятгирандагони муассиса шодиву хурсандӣ намуданд. Ҳамзамон дар идомаи чорабинӣ ба 12 нафар ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҳисоби тарбиятгирандагони ин муассиса тӯҳфаҳои пулӣ тақдим гардид. Дар идомаи тадбирҳои идонаи МИҲД-и шаҳри Душанбе бо пайгирии иқдомҳои хайрхоҳонаву инсондӯстонаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ барои 540 нафар хони идона ороста шуд. Ҷои таъкид аст, ки таъминоти ин муассиса бо молу маҳсулот аз ҷониби сохторҳои марбутаи шаҳрӣ дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гардидааст. Чунин иќдомҳо бошад, бо мақсади беҳтар намудани фазои идонаи муассиса амалӣ гардид. Мавриди зикр аст, ки дар Мактабинтернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе шароити созгори таълиму тарбия ва истиқомат муҳайё буда, хонандагон аз он ҳамаҷониба истифода менамоянд.

Буду боши нафарони маъюб ва дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва равонӣ ҳамешаву доим таҳти сарпарастии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста дар ин самт аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар шасхони ташаббускор корҳои хайру савоб анҷом дода мешавад. Дар идомаи тадбирҳои хушнудсозӣ тӯҳфаҳои солинавии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба зиёда аз 116 нафар таълимгирандагон Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии асосии «Мактаб-интернати рақами 2 барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта»-и шаҳри Душанбе расонида шуд. Зимни тақдим тӯҳфаҳо муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иштирок доштанд ва тамоми таълимгирандагони ин муассисаро ба фарорасиии Соли нави мелодии 2023 табрик намуда, аз номи Раиси шаҳри Душанбе ба ҳар яки онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ ва либосҳои гармро тақдиим намуданд. Бояд гуфт, ки Иқдоми навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар арафаи соли нави мелодӣ ба тамоми таълимгирандагони муассисаҳои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва равонии пойтахт идомаи сиёсати созанда ва дастуру ҳиядотҳои раҳнамунсоз ва падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад.

Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хосса таваҷҷӯҳи бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба буду боши таълимгирандагони муассисаҳои таълимии дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва равонӣ ва дар маҷмӯъ табақаи ниёзманди ҷомеа дар арафаи тамоми иду ҷашнҳо ба ин нафарон кӯмакҳо расонида мешавад. Дар арафаи соли нави мелодии 2023 ин тадбир бо ташаббуси Раиси шаҳри Душнабе амалӣ гардид, ки боиси ба хушҳолии тамоми тарбиятгирандагон шуд.

Дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд — хислатҳои неки инсонист. Дастгириҳои пайваста ва таваҷҷӯҳу ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба ятимону маъюбон, бепарасторон, дардмандону оилаҳои эҳтиёҷманд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Дар доираи чунин иқдому тадбирҳои муҳим ва хайрхоҳонаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оилаҳои эҳтиёҷманд, хусусан ятимону шахсони дорои имконияти маҳдуд дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе пайваста дастгирӣ карда мешаванд ва зери таваҷҷӯҳу ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор доранд. Дар пайравӣ аз иқдомҳои бузург ва сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа дар пойтахти мамлакат пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад. Дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат ин навбат низ чун анъана аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори фарорасии соли нави мелодии 2023 ба 100 нафар тарбиятгирандаи Муассисаи давлатии махсуси таҳсилоти умумии асосӣ «Мактаб-интернати ёрирасони №3»-и шаҳри Душанбе аз ҷумлаи ятимони кулл, маъюбон, шахсони яккаву танҳо ва дардмандону бепарасторон кумакҳои моддӣ ва тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуд. Туҳфаҳои идонаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода тақдим намуданд. Лозим ба зикр аст, ки кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз қабили маҷмуи либоси гарми зимистона, маҳсулоти хӯрокворӣ, шириниҳои идона ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат буд. Ҳамчунини барои бошандагону тарбиятгирандагони Мактаб интернати № 3 дастурхони идона ва ҷиҳати болидаруҳи онҳо барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил карда шуд.

Дар доираи иҷрои дастурур ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МД «Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор»-и ш.Душанбе чорабинии солинавӣ баргузор гардид.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар арафаи соли нави мелодӣ баҳри хонандагону тарбиятгирандагони «Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор»-и ш.Душанбе чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ва фароғатӣ доир карда шуд. Дар барномаи фарҳангӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷумла муовини Раиси шаҳри Душанбе ва муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ширкат намуда, ба 56 нафар тарбиятгирандагони муассисаи мазкур туҳфаҳои солинавӣ, либоси гарми зимистона ва пойяфзол тақдим намуданд. Дар оғоз муовини раиси шаҳри Душанбе тамоми тарбиятгирандагонро аз номи Раиси шаҳри Душанбе бо фарорасии соли нави мелодӣ шодбош гуфта, сипас тӯҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанберо ба ҳар кадоми онҳо супорид.

Чорабинии фарҳангиро ҳунармандони Ансамбли ҷумҳуриявии «Лаъл»-и Вазорати меҳнат бо рақсу суруд рангин намуданд. Бояд зикр намуд, ки вазорат ва сохторҳои он мунтазам дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳо ба муассисаи мазкур кӯмак мерасонанд. Аз чеҳраҳои ҳар як наврас аён буд, ки агарчи бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гаштаанд, аммо зери сарпарастии Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ худро ятиму бепарастор эҳсос намекунанд.

Дар доираи тадбирҳои иҷтимоии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе ба муассисаҳои типпи интернатии њудуди пойтахт мунтазам кумакҳои моддӣ расонида мешавад. Дар остонаи Соли Нави мелодӣ ин навбат ба тарбиятгирандагони чунин муассисаҳо кумакҳои гуногун аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ расонида шуд. Дар ин замина ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2»-и шаҳри Душанбе низ либоси гарми зимистона, маҳсулоти хӯрокворӣ, шириниҳои идона ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат буд. Тӯҳфаҳоро ба бошандагони ин муассиса муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода тақдим намуданд. Дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа, кумак ба оилаҳои эҳтиёҷман ва расонидани хизматҳои тиббиву иҷтимоӣ ба маъюбону ятимон аз афзалиятҳо асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони саховатпеша ва корхонаву ташкилот мунтазам дар арафаи иду ҷашнҳо ва санаҳои муҳими таърихӣ ба чунин муассисаҳо кумакҳои моддӣ расонида мешавад. Вале фаъолияти муассисаҳои типи интернатии шаҳри Душанбе зери назорати пайвастаи роҳбарияти шаҳр қарор дошта, аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе бевосита кумакҳои моддӣ расонида мешавад. Ҷойи таъкид аст, ки дар оянда низ масъулини шаҳрдори Душанбе ҳамингуна иқдмоҳоро роҳандозӣ намуда, барои беҳтар шудани фаъолияти ин муассиса мусоидат менамоянд.

Дар МД “Маркази дастгирии оила ва кудаки №1”-и ш.Душанбе 66 нафар кӯдакон ба истиқомат ва таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Муассисаи мазкур бо шароитҳои замонавӣ фаъолият дошта, пайваста кудакон аз ҷониби шаҳрдори Душанбе дастгирӣ меёбанд. Маҳз кудакону наврасон ояндаи миллатанд ва тарбияи онҳо бояд ҳамеша дар мадди аввал гузошта шавад. Ҳамин аст, ки ба таълиму тарбия дар ин муассиса таваҷҷуҳи хоса равона гардидааст. Афроди бесарпаноҳу ниёзманд ҳамеша таҳти ҳимояту ғамҳории давлат қарор дошта, сарфи назар аз иду ҷашнҳо, аз кумакҳои моддию маънавӣ дар канор намемонанд. Ин навбат дар арафаи соли нави мелодӣ ба кудакони ин муассиса туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ расонида шуд. Дар маросими супоридани туҳфаҳо намояндагон аз сохторҳои шаҳрӣ ва МИҲД-и н.Шоҳмансур иштирок карданд.

Зимни суханронии масъулин иброз гардид, ки дастгирии кудакону наврасон ва ба таълиму тарбияи дуруст фаро гирифтани онҳо зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар хоса Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин қабил чорабиниҳо ҳам дар ин доира ташкилу роҳандози карда мешаванд.

Бо пешниҳоди барномаи консерти ва бозиҳои гуногуни солинави хотири кудакон болида гардид.

Бояд гуфт, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пайваста ба кудакону наврасони бепарасдор ва нафарони имконияти маҳдуддошта таваҷҷуҳи махсус дода шуда, кумаку дасгириҳо карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram